мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Виктор Януковичро ба ҳузур пазируфт
3 сентябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Виктор Янукович, Президенти Украина, мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки "Украина тадриҷан дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мақоми пешқадамро касб мекунад". Чунонки иттилоъ дода шуд, дар 6 моҳи соли 2011 ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Украина ба 101 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 43% зиёд аст.
Виктор Янукович ба пешрафту тараққиёти кунунии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: "Сарфи назар аз вазниниҳо ва нооромиҳои солҳои аввали истиқлолият ва таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ имрӯз мо шоҳиди рушду нумӯи босуботи кишвари Шумо мегардем".
Виктор Янукович ҳамчунин ба натиҷаҳои раисии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва омодагӣ ба ҳамоиши имрӯза баҳои баланд дод.
Аз суръати рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, металлургия, мошинсозӣ, ҳарбӣ-техникӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ низ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Украина ҳанӯз хеле зиёданд.
Изҳори боварӣ шуд, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон ба Украина ба рушди минбаъдаи муносиботи судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.09.2011 №: № 130-131 (21 946-94 Мутолиа карданд: 1188