сафарҳо
Гузориши муфассал аз ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар
28 ноябр баъд аз зӯҳр, пас аз анҷоми сафари пурмаҳсули дӯстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бӯҳрони молиявӣ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд ба Давлати Қатар сафар кард.
Ҳадафи конфронси маблағгузории рушд мусоидат ба татбиқи тавофуқоти Монтеррей аст, ки дар қатъномаи 62/187 – и Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дарҷ ёфтаанд.
Бегоҳии 28 ноябр дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа Саммити ғайрирасмии Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ баргузор гашт, ки дар муҳокимарониҳои он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштироки фаъол намуд.
Бояд тазаккур дод, ки мулоқоти мазкури ғайрирасмӣ қабл аз Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд баргузор гашта, як навъ омодагӣ ба он буд. Баҳри иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ташкил карда шудааст, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, намояндагони беш аз 100 давлат ва даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ ба Давлати Қатар ташриф овардаанд. Бештар аз 30 давлати ҷаҳонро дар ин конфронс бевосита роҳбарони аввали онҳо намояндагӣ мекунанд.
Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд субҳи 29 ноябр ба кори худ шурӯъ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда дар он суханронӣ намуд ва нахуст ба созмондиҳандагони ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ арзи сипосу миннатдорӣ кард.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кишварҳои пешрафта бояд садоқати худро ба афзалиятҳои Консенсуси Монтеррей собит намуда, кӯшишҳои паст кардани тафовути байни кишварҳои мутараққӣ ва кишварҳои рӯ ба инкишоф ва бартарафсозии рушди нобаробари онҳоро идома диҳанд».
Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва як қатор нерӯгоҳҳои дигари обию ҳароратии барқиро аз самтҳои асосии фаъолияти давлати Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар маънидод карда, таъкид дошт, ки дар сурати дастгирии кишварҳою созмонҳои мададрасон аз татбиқи босамари ин нақшаҳо содироти зиёда аз 25 миллиард киловатт/соат қувваи барқ ба Покистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар минтақаҳо дар ояндаи наздик имконпазир мегардад ва ин саҳми намоёни Тоҷикистон дар амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола хоҳад буд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бартарафсозии монеаҳои тиҷоратӣ ва рушди савдо, бунёди роҳҳои оҳану мошингарди минтақавӣ, болобарии иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ ва пайвастани онро ба бандарҳои Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд низ аз роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ин минтақа арзёбӣ намуда, мусоидати кишварҳои пешрафта ва ниҳодҳои мададрасони байналмилалиро ба ҳалли ин масоили матлуб маънидод кард.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «кишварҳои рӯ ба тараққӣ бояд дорои имконияти таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди иқтисодӣ бошанд ва дар идоракунии онҳо низ саҳми сазовор гирифта тавонанд».
Дар охири суханронӣ Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор намуд: -«Имрӯз мо қодирем, ки ҷаҳонро беҳтар созем ва ба бовариву эътимоди халқҳоямон сазовор гардем».
Яке аз ҳамоишҳои мизи мудаввари Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузорӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, ки боз як гувоҳии возеҳ аз нуфузу эътибори байналмилалии ӯ ба ҳайси як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Ин ҳамоиш, ки дар он намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои сершумори ҷаҳон ширкат доштанд, таҳти унвони «Сафарбаркунии захираҳои молиявии дохилӣ ба татбиқи ҳадафҳои рушд», ҷараён гирифт.
Хотиррасон бояд кард, ки Тоҷикистон аз нахустин кишварҳои таҷрибавии ҷаҳон ва ташаббускорони намоёни татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст. Ин ҳадафҳо барои дастгирии рушди устувори кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҷониби Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид эълон гаштаанд.
Дар ҳошияи конфронси байналмилалии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.
Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории байни ду кишвар имзошуда баррасӣ гардиданд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «пояҳои ҳуқуқии лозима барои густариши муносибатҳои дуҷонибаи дарозмӯҳлати шарикӣ» байни Тоҷикистону Қатар гузошта шуданд».
Сарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки баҳри рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар мӯҳлатҳои наздик сафоратҳои худро дар кишварҳои ҳамдигар ифтитоҳ намоянд.
Кушодани хатти мустақими ҳавоии байни ду кишвар, бо сармоягузории ҷониби қатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд намудани як масҷиди бузург ва мактаби замонавӣ, биноҳои истиқоматӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир дар Тоҷикистон барои содирот ба Давлати Қатар аз самтҳои афзали ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар таъкид гардиданд.
Зимни сӯҳбат бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кӯмаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи Пан Ги Мунро ба масоили вобаста ба азхудкунии захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, аз ӯ, аз ҷумла даъват намуд, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҷамъбасти натиҷаҳои панҷсолаи татбиқи «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» иштирок намояд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро баҳри дар ҳудуди худ ҷойгир намудани Маркази ЭСКАТО ва ЕЭК – Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуд.
Масоили таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини дабири кулли ин созмон Ша Тсузукан баррасӣ шуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Хорватия Степан Месич зимни мулоқоти дӯстонаи худ, қарор карданд, ки ба кишварҳои ҳамдигар баҳри эҷод ва тавсеаи заминаи ҳамкории густурда сафарҳои расмӣ анҷом бидиҳанд.
Байни онҳо оид ба доираи васеи мавзуоти ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити кунунӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои судманди миёни Тоҷикистону Хорватия гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.
Дар мулоқоти Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Булғория Георгий Пирванов масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои судманди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳо бо Булғория ва барқарор намудани робитаҳои анъанавии қаблӣ изҳори ҳавасмандӣ карда, Георгий Пирвановро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон баҳри тавсеаи заминаи сиёсию ҳуқуқии ҳамкориҳо ташрифи расмӣ биёрад.
Дар мулоқот бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба ин созмони бонуфуз баррасӣ намуд. Зикр гардид, ки ба гурӯҳи кории омӯзандаи ин масъала 52 кишвари ҷаҳон аъзо аст ва аллакай се маҷлиси он гузаронда шудааст. Ба наздикӣ бояд ҳисоботи маҷлиси сеюм пешкаш гардад ва омодагӣ ба маҷлиси навбатӣ оғоз ёбад.
Ба раванди мувофиқгардонии қонунгузории Тоҷикистон ва низоми тиҷоратии он ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо баҳои баланд дода шуд.
Зимни ин сафар ҳамчунин мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷиии Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Ҷассем оли Сонӣ, вазири молия, иқтисод ва савдои он Юсуф Ҳусайн Камол ва баррасии рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар назар аст.
Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз шаҳри Давҳаи Давлати Қатар иттилоъ дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5579