энергетика
Қӯрғонтеппа: сарфи бебаркаши қувваи барқ
Ҳамасола пеш аз фарорасии фасли сармо бинобар сабаби афзудани талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳои кишвар ба қувваи барқ ташвиши энергетикҳо дучанд мегардад. Мувофиқи маълумоти аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ расида, масрафи қувваи барқ, ки ҳам барои рӯшанию гармсозии хонаҳою коргоҳҳо ва ҳам барои хӯрокпазӣ истифода мешавад, зиёд шудааст. Ҳамчунин масъалаи доғе, ки дар ин давра барқчиёнро нигарон кардааст, сарфи бемақсади қувва аз ҷониби аҳолию ташкилоту корхонаҳо, бе риояи қоидаҳои бехатарӣ пайваст намудан ба манбаъҳои барқ ва сари вақт пардохт накардани маблағи истифодаи он мебошад.
-Таҳлили фаъолияти 10 моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки, -мегӯяд Муслиҳиддин Усмонқулов, сардори шӯъбаи фурӯши барқи шаҳри Қӯрғонтеппа, -истифодаи қувваи барқ ба ҷои 250-300 миллион киловатти фаслҳои баҳору тобистон, ба 600-650 миллион киловатт расидааст. Инро мо пешакӣ медонистем, зеро ҳам аҳолӣ ва ҳам ташкилоту корхонаҳо аз ин неъмати арзон бебаркаш истифода мебаранд. Барои гармсозии ҷойи кор ва хонаҳо асбобҳои ғайримеъёриро зиёд кор мефармоянд. Аксари асбобҳо ва воситаҳои гармидеҳии худсоз 1,5-2 киловатт ва аз ин беш қувва қабул мекунанд, ки ноқилҳои мавҷуд ба он тоб оварда наметавонанд.
Дар 10 моҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарзи аҳолӣ аз истифодаи қувваи барқ 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ва ташкилоту корхонаҳо зиёда аз 800 ҳазор сомониро ташкил додааст. Айни замон шӯъбаи мо баҳри танзими истифодаи қувваи барқ ба пайваст намудани ҳисобкунакҳои барқӣ машғул аст.
Тавре ки масъулони шӯъбаи фурӯши барқ зикр карданд, агар истифодабарандагон маблағро сари вақт пардозанд, идора имкон пайдо менамояд, ки шикасту рехти трансформатору ноқилҳоро анҷом диҳад ва аҳолиро бо ҳисобкунакҳои барқии электронӣ таъмин намояд, ки дар натиҷа ҳам масрафи қувваи барқ коҳиш ёфта, ҳам имкони дуздии он қариб аз байн меравад.
Муслиҳиддин Усмонқулов афзуд, ки барои зимистони солҳои 2008-2009 шӯъбаи фурӯши барқ чораҳои зиёд андешид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҳисобкунакҳои барқиро аз дохили хонаҳо ба берун бароварда истодаанд. Тавассути ин тадбир роҳи аз меъёр зиёд истифода бурдани қувваи барқ баста мешавад. Барои истифодаи сарфаҷӯёнаи барқ корҳои тарғиботӣ сурат мегирад.
Ба мақсади пешгирӣ кардани ҳолатҳои истифодаи нодурусти қувваи барқ дар хонаҳо қариб 100 фоиз ва дар ташкилоту муассисаҳо 95 фоиз ҳисобкунакҳо насб шудаанд.
Ба саволи мо дар хусуси чораҳои мушаххаси рафъи қарздорӣ сардори шӯъба чунин иттилоъ дод:
-Барои рӯёнидани маблағи истифодаи қувваи барқ бо мактубҳо ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои қарздорони калонро барои чораҷӯӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол кардем. Дар байни қарздорони калон ташкилоти «Монолит», ошхонаи «Сахӣ», корхонаҳои «Боғбунёд», «Саодат», хоҷагии ниҳолпарварии «Бӯстонқалъа», идораи ҳифзи муҳити зист, кумитаи варзиши вилоят ва чанде муассисаҳои буҷетӣ шомиланд. Бояд гуфт, ки якмоҳаи ҷамъоварии ҳаққи истифодаи қувваи барқ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ ба андозаи 90-95 фоиз таъмин шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор сомонӣ беш мебошад. Аз ин ҳисоб ҳар моҳ ба буҷет 350-400 ҳазор сомонӣ ирсол мегардад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
Саидқули ШОМАЛАНГЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5020