logo

мулоқотҳо

Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд

11 октябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Ян Фишер  - ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиётро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 42 лоиҳа ба маблағи беш аз 200 миллион евро татбиқ мегардад ва 16 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 65 миллион евро дар марҳилаи омодашавӣ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона гардидаанд.

Ҳамчунин аз кори пурсамари  Шӯрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки  бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд фаъолият мекунад, қаноатмандӣ изҳор гашт.
Таҷрибаи нави Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба дастгирии бонкҳои саҳомии Тоҷикистон тариқи ворид гардидан ба сармояи онҳо мавриди пуштибонии Сарвари давлат қарор гирифт.
Зимни баррасии Стратегияи нави кишварии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки барои 3 соли оянда пешбинӣ мешавад, таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи рушди ҳамкорӣ ҳанӯз зиёданд. Тавсеаи ҳамкорӣ барои дастгирии бештари соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва коркарди саноатии меваю сабзавот, пахта, пилла, пашму пӯст ва ғайра зарур шумурда шуд.
Ян Фишер изҳор дошт, ки минбаъд дастгирии Бонки    аврупоии таҷдид ва рушд аз пешрафти намоёни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи нави кишвар барои 3 соли оянда идома хоҳад ёфт, қабл аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, бонкҳо, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва барои татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар маҳалҳо.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.11    №: 147-148    Мутолиа карданд: 2081
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед