мулоқотҳо
Ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд
17 октябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Имре Ласлотский, Сафири фавқулода ва мухтор ва Ишван Мокварӣ, Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Маҷористон баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба иҷрои санадҳои имзошуда ва тавофуқоте, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар моҳи июни соли равон ҳосил шуда буд, зоҳир гардид.
Ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ба хусус ҳамкории иқтисодӣ - тиҷоратӣ, изҳори ҳавасмандӣ шуд.
Сафири фавқулода ва мухтор ва Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Маҷористон изҳор доштанд, ки барои густариш додани робитаҳои судбахши дуҷониба ҷаҳду талош мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.11 №: 149-150 Мутолиа карданд: 2092