мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Кенза Робинсон
20 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, хонум Кенза Робинсон роҳбари Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва об»-ро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об баррасӣ ёфт.
Аз самараи ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Созмони Милал барои таъмини дастрасии васеи аҳолии сайёра ба оби тоза изҳори қаноатмандӣ шуд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон «Соли оби тоза» эълон гаштани соли 2003, даҳсолаи «Амалиёти об барои ҳаёт» эълон гардидани солҳои 2005-2015, чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об пазируфтани соли 2013 ва дар доираи ин ташаббусҳо амалӣ шудани тадбирҳои муассир дар тамоми ҷаҳон натиҷаи ин ҳамкории пурсамар маънидод гардид.
Аз ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии кунунии Душанбе оид ба об низ, ки идомаи тадбирҳои қаблӣ аст, изҳори қаноатмандӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои он дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор (РИО+20), ки дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия баргузор хоҳад гашт, ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд.
Атрофи татбиқи амалии Консепсияи тадоруки чорабиниҳо барои истиқболи соли 2013, ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, мавриди пазироии Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва об» қарор дошт, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, пешниҳод намуд, ки Конфронси ҷамъбастии соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об (2013) дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.11 №: 149-150 Мутолиа карданд: 2065