мулоқотҳо
Сармоягузорӣ мавзуи
сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон
бо Алан Данкан буд
17 октябри соли 2011 нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Алан Данкан - вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалиро ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, ба густариши бештари ҳамкорӣ бо он изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Президенти Тоҷикистон ба ҳукумати Британияи Кабир барои кӯмакҳои техникӣ арзи сипос карда, ҳамзамон аз кӯмакрасонӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба барномаҳои бузургу миёна гузаштанро зарур шумурд. Барои ин ба имзо расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя матлуб дониста шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
www.president.tj
Алан Данкан, вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабирро дар ҳоли рушд арзёбӣ намуд. Бино ба гуфти ӯ, дар сӯҳбат бо Сарвари давлати Тоҷикистон масоили гуногуни равобити ду кишвар баррасӣ шуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳавасмандии бештар зоҳир шудааст.
Вазири давлатии Бринтанияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ изҳор дошт, ки кишвараш дар амри шомил шудани Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат самимона ҷонибдорӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, Британияи Кабир ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ, хадамоти муҳоҷират ва рушди иқтисоди Тоҷикистон барномаи нави ҳамкориро рӯи даст дорад.
Ҳамчунин мусоидат ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осишта дар Афғонистон дар меҳвари гуфтугӯйи Эмомалӣ Раҳмон ва Алан Данкан қарор гирифтааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.11 №: 149-150 Мутолиа карданд: 2007