logo

муҳоҷират

Дар Душанбе вазъи муҳоҷирати шаҳрвандони ИДМ баррасӣ шуд

Дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазъи кунунии муҳоҷират дар қаламрави ин давлатҳо, натиҷагирии татбиқи "Барномаи ҳамкории мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2009-2011" ва тарҳи самтҳои нави ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои  аъзои  ИДМ, Кумитаи иҷроияи иттиҳод ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, ҳамчунин  раиси  Кумита  оид ба  миллатҳои Думаи  давлатии  Федератсияи  Русия  Михаил  Старшинов иштирок намуданд. Иштирокчиёни ҷаласа хостори тавсеаи бештари ҳамкориҳои муштараки мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои миллӣ шуданд. Дар ин замина дастгирии шаҳрвандоне, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар муҳоҷиранд, аз ҷониби ниҳодҳои фаъолияташон вобаста ба муҳоҷират зарур дониста шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби Сафиаллоҳ Девонаев - сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Константин Ромодановский, директори Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия Меморандуми байнисоҳавӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират имзо шуд. Ин нахустин ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ миёни ин ниҳодҳо буда, дурнамои ҳамкориҳоро вусъат хоҳад дод.
Гуфта мешавад, ки дар чорчӯбаи кори Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ИДМ то имрӯз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ ба даст омада, монеаҳои зиёди муҳоҷирати меҳнатӣ бартараф шудааст.
Дар поёни кори ҷаласа ба аъзои Шӯро  Ифтихорномаҳои  Кумитаи иҷроияи  Иттиҳод супурда ва Сипосномаи  раиси Кумитаи  иҷроия - Котиби  иҷроияи  ИДМ С.Лебедев қироат гардид. 
Таҳлилгарон таъсиси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба тозагӣ созмон дода шуд, дар амри расидагӣ ба ҳалли масоили муҳоҷирати шаҳрвандон дар хориҷи кишвар иқдоми саривақтӣ ва муфид арзёбӣ мекунанд. Таъкид мешавад, ки ташкили чунин хадамот ва кушоиши намояндагиҳои он дар хориҷи мамлакат, бахусус дар қаламрави Русия, ба нафъи кор ва бурди муҳоҷирони тоҷик аст.

Гулрухсор ФАЙЗУЛЛОЕВА,
коромӯзи "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.11    №: 149-150    Мутолиа карданд: 31671
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед