мулоқотҳо
Ҳиллари Клинтон ба нақши Тоҷикистон дар минтақа баҳои баланд дод
22 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳиллари Клинтон - Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон ташрифи хонум Клинтонро нишонаи таваҷҷуҳи хоси Амрико ба Тоҷикистон ва минтақаи мо арзёбӣ намуд.
Ҳиллари Клинтон ба нақши Тоҷикистон дар минтақа, хусусан ба мусоидати он ба бозсозии иқтисодӣ ва амниятии Афғонистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар барои мавқеъгирии созанда дар сиёсати минтақавӣ арзи сипосу қадрдонӣ кард.
Дар мулоқот доир ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Амрико ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар шуд.
Бино ба гуфтаи Ҳиллари Клинтон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки худро ба Тоҷикистон барои таҳкими амнияту субот, аз ҷумла тавассути дастгирии нерӯҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои қудратӣ ва хадамоти гумрук дар марзи давлатӣ бо Афғонистон идома медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Амрикоро доир ба эҳёи Роҳи нави абрешим, ки ҳадаф аз он эҷоди шабакаҳои пайвастаи иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва таъмини робитаи бемонеаи мардумони Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, сидқан мавриди пуштибонӣ қарор дод.
Доир ба ҷалби сармоягузории Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ андешаҳои ҷолиб баён гардиданд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба раванди демократисозии ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии матбуот ва ғайра низ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.11 №: 149-150 Мутолиа карданд: 2094