барқияҳо
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба номи Абдулло Гул, Президенти Туркия, барқияи табрикӣ фиристод. Дар он аз ҷумла омадааст:
"Ҷаноби Олӣ!
Шумо ва тамоми мардуми Туркияро ба ифтихори ҷашни миллии кишваратон табрику муборакбод гуфта, беҳтарин хушиҳои зиндагиро барои Шумо таманно намудан бароям хушу гуворост.
Мо анъанаи накӯи робитаҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Туркия ва мардуми ду кишварро хеле арзишманд арзёбӣ мекунем ва ният дорем барои рушду густариши ин робитаҳо пайгирона саъю талош намоем.
Ба Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Президент, саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбӣ, ба мардуми Туркия осудагию хушҳолиро таманно дорам!".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.11 №: 151-152 Мутолиа карданд: 3522