номаҳо
Агар тозагиро мехоҳем...
Мебинем, ки кӯдакон партовҳоро на дар партовгоҳ, балки берун аз он ва ё дар канори роҳ мерезанд, аммо хомӯш меистем. Дар ин мавридҳо бетарафиро авло медонем. Намеандешем, ки чунин амали нодурустро фарзандони мо низ содир мекунанд ва дигарон ҳам айнан чун мо рафтор менамоянд. Модаронашон бошанд дар назди хонаҳо ҳамроҳи дигар занҳо соатҳо нишаста сӯҳбат мекунанд, аммо боре ҳам назорат намекунанд, ки кӯдаконашон партовҳоро ба куҷо мерезанд.
Ба кӯдакон дар куҷо партофтани партовҳоро кӣ меомӯзад? Чаро модарон ҳамроҳи онҳо намераванд, то бубинанд, ки фарзандонашон аз ӯҳдаи иҷрои супоришашон баромадаанд ё не?
Кӯдакон ҳам барои тозагӣ бояд масъулият эҳсос кунанд.
Кӯдакро тавре бояд тарбия намоем, ки ӯ аз иҷрои ин амал нороҳат нашавад ва баръакс ифтихор дошта бошад. Яъне волидайн вазифаи муҳимро ба ӯ вогузоштаанд ва иҷрои он зери назорат аст. Дар ин сурат мо на танҳо ба тозагии назди хонаҳоямон муваффақ мегардем, балки дар маҷмӯъ шаҳр тозаву зебову озода мемонад.
Мафтуна БАХТИБЕКОВА,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.11 №: 151-152 Мутолиа карданд: 4273