номаҳо
Ангатзорҳоро аз байн мебаранд, ёрӣ мехоҳем!
Ангат ба бисёр дардҳо, аз қабили тарбод, захми меъда, ҷароҳати пӯст, хунравӣ, муфид аст. Нархи 1 килои он 10 сомонӣ мебошад, яъне бо парвариши ангат метавон сатҳи зиндагиро боло бурд, махсусан дар Бадахшон. Аз 40 намуди ангати кишвар 10 намуди он дар ин сарзамин дучор меояд. Обу ҳавои минтақа барои парвариши ангат мувофиқ мебошад.
Дар Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа бархе аз сокинон ба моҳияти масъала дуруст сарфаҳм рафтаанд ва дар андешаи бунёди ангатзоранд, чунки қариб 30-40 гектар замини регзор, ки ба парвариши ангат мувофиқ мебошад, мавриди истифода қарор нагирифтааст. Вале баъзе аз масъулон на танҳо ба ин амали савоб зид мебароянд, балки ангатзорҳои мавҷударо аз байн бурда истодаанд. Онҳо аз ин тасмимашон андак манфиат ба даст меоранд, агарчи медонанд, ки фоида як асту зарар ҳазор. Аммо чаро мо бояд бо ин гуна шахсон бисозему мӯҳри хамӯшӣ ба лаб бизанем ва дар мавриди фоидаи мардум наандешем? Бо чунин ҳол сатҳи камбизоатӣ магар коҳиш меёбад? Ҳаргиз! Мо аз масъулон, хоса Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар, барои пешгирии ин амали носавоб ва бунёди ангатзорҳои нав имдод мехоҳем.
Силомоншоҳ ДАВЛАТҚАДАМОВ,
деҳаи Шохерезми ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.11 №: 151-152 Мутолиа карданд: 4336