номаҳо
Мо дигар ба ҳосил умед надорем
Аз соли 1995 заминҳои дар ихтиёри мо буда дорои хати обёрианд. Аз ин рӯ, мо мувофиқи масоҳати замини обӣ андоз месупурдем, агарчи об надоштем.
Раиси ноҳия имсол идораи давлатии хоҷагии обро вазифадор сохт, ки заминҳои Ҷамоати деҳоти Деҳибаландро обёрӣ намояд. Мақсад ба роҳ мондани кишти картошка буд.
Роҳбари идораи хоҷагии об Сайфиддин Бозоров дар ҳузури намояндагони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ваъда дод, ки заминҳои кишт ва қитъаҳои наздиҳавлигиро бо об таъмин менамояд.
Наҷмиддин Раҳматов, раиси Ҷамоати деҳот, изҳор дошт: "Агар дар заминҳои обӣ картошка накоред, онро гирифта ба дигарон тақсим мекунем".
Ҳамин тавр, мо бо дилпурӣ картошка шинондем. Ҳатто як нафар аз хоҷагидорон замини ғаллаи дар нашъунаморо шудгор карда, барои кишти картошка омода намуд. Барои обёрии қитъаҳои наздиҳавлигӣ 20 -сомониӣ супурдем.
Чун аз интизори омадани об дарзи чашмонамон канд, боз ба муовинони раиси ноҳия муроҷиат намудем. Туфайли мусоидату назорати онҳо ду рӯз, аз 28 то 30-юми июн, об омаду халос.
Хулоса, мо дигар ба ҳосил умед надорем. Ҳатто намедонем, ки қарзи тухмии гирифтаамонро баргардонда метавонем ё не? Чӣ бояд кард? Чунин муносибат то ба кай идома меёбад?
С. НУРОВ, Ф. САЙДАМИРОВ, С. ДАВЛАТОВ, Қ. АМИРМАҲМАДОВ, Н. МИРЗОЕВ,
Т. МИРЗОЕВ, М. МИРЗОЕВ, С. МИРЗОЕВ, О. НАИМОВ, ноҳияи Мӯъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.11 №: 151-152 Мутолиа карданд: 4621