паёмҳо
Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати иди Қурбон, ш. Душанбе, 4 ноябри соли 2011
Ҳамватанони азиз!
Рӯзи шашуми ноябр иди саиди Қурбон фаро мерасад. Воқеан, он яке аз санаҳои фархунда дар тақвими дини ислом ва суннатҳои неку писандидаи тамоми мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният мегӯям.
Ҷавҳари асосии иди Қурбон на танҳо тавассути ибодату ниёиш қаробат ҷустан ба Худои таъоло мебошад. Дар тӯли асрҳо талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои иди саид аст. Иди Қурбон рӯзи имтиҳону озмоиш аст, ки инсон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Худои таъоло баён мекунад. Аз ин дидгоҳ, дини мубини ислом дар тарбия ва рушду такомули пайвастаи инсон мекӯшад ва бо ин роҳ афзалияти онро нисбат ба дигар мавҷудоти олам нишон медиҳад. Вале Худованд инсонҳоро сарфи назар аз ирқу нажод, рангу пӯст ва забону фарҳанг баробар офаридааст. Аз ин ҷост, ки дар яке аз ҳадисҳои худ ҳазрати Муҳаммад "мӯъминро бародари мӯъмин" мегӯяд. Бешак, дини ислом таблиғгари одамияту инсондӯстӣ буда, бояд ғояҳои олии фарҳанги исломӣ барои беҳбуд ва рушди ҷомеа равона карда шавад.
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусулмонони кишвар имконият ва шароити мусоид муҳайё гардид, ки аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва динии худ ба таври васеъ баҳравар шуда, бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳо маросимҳои диниро озодона анҷом диҳанд. Ҳар шахси сарватманде, ки ба шахсони камбизоат ёрии моддиву молӣ менамояд, пеш аз ҳама ризои Худовандро ба даст меорад ва як зина ба сӯи камолоти маънавӣ боло меравад. Бинобар ин, дар кишвари мо дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Хусусан аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон чунин амали неку савоб анҷом мегиранд ва мо бовар дорем, ки ин кӯмакҳо ба таври доимӣ расонида мешаванд.
Бузургони гузаштаи мо фармудаанд: "Агар хоҳӣ, ки номат ҷовидон монад, фарзандро хирадмандиву илму фарҳанг биёмӯз!" Бешубҳа, пешрафти ҷомеаи башарӣ, тараққӣ ва шукуфоии халқҳову миллатҳо ба тарбияи солим ва таълими дурусти фарзандон вобастагии зич дорад. Саҳифаҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд: милатҳое, ки фаъолиятҳои камназир, диловариҳои бемисол ва илму ҳикмати пурифтихорро ба ҷаҳониён ба ёдгор гузоштанд, масъулияти ҷиддии тарбияи насли наврасро ба дӯш гирифта буданд. Онҳо медонистанд, ки тарбияи солим ва таълими дурусти насли наврас минбаъд боиси ифтихори аҷдод хоҳад шуд. Ба ин сабаб дар масъалаи тарбияи фарзандон ба хотири дуруст ба воя расонидани онҳо, дар интихоби роҳи дурусти ҳаёти онҳо саҳлангорӣ намекарданд; то ҳадди имкон ҷидду ҷаҳд мекарданд, то бузургтарин ва олитарин афроде ба ҷомеа тақдим намоянд.
Ба ин хотир ба ҳамаи онҳое, ки масъулияти таълиму тарбияи ҷавононро ба ӯҳда доранд, муроҷиат карда гуфтаниам: шумо, ки мураббиёни имрӯзу ниёгони ояндаед, яке аз рисолатҳои муқаддас ва ҳатмии мо тарбияи солим ва дур аз фитнаву фасоди ахлоқӣ, шахсияти хушахлоқу нексиришт, ороста бо ахлоқи ҳамида, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, ҳамқадами замон, омодаи хизмат ба ҷомеа ва миллат мебошад.
Рукни асосии иди Қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад. Имрӯзҳо беш аз панҷуним ҳазор нафар ҳамватани мо ба зиёрати Байтуллоҳ мушарраф гашта, фаризаи ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд. Ба ҳамаи онҳо омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳояшонро орзу менамоем.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, сарбаландӣ, саодати рӯзгор, хушбахтиву некрӯзӣ, барору комёбиҳо, шодмониву хурсандӣ хоҳонам.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.11.11 №: 153-154 Мутолиа карданд: 4210