мулоқотҳо
Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Сиаою Жао пурмӯҳтаво буд
7 ноябри соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Сиаою Жао - ноиби президенти Бонки осиёии рушдро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ ёфтанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба Бонки осиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод, инчунин ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 850 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо намудааст.
Ҳоло лоиҳаҳои фаъоли Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба маблағи умумии 529 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Бонки осиёии рушд барои саҳмгузории намоён дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар ҳамкории ду ҷониб ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.
Доир ба Барномаи шарикии Бонки осиёии рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, ки дар ҳаҷми тақрибан 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории лоиҳаҳои соҳаҳои роҳсозӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ, идоракунии минтақавӣ ва ғайраро дар назар дорад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ба роҳбарияти бонки мазкур барои маблағгузории лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ва дастгирии лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон изҳори сипос шуд.
Гуфтугӯйи пурмуҳтаво ҳамчунин доир ба татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ барои кулли Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мебошанд, сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.11.11 №: 153-154 Мутолиа карданд: 2012