мулоқотҳо
Ҷараёни омодагӣ ба зимистон таҳти назорати Президенти кишвар қарор дорад
12 ноябр ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Фархор, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Данғара доир ба омодагӣ ба зимистон ва вазъи киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд.
Дар мавриди омодагӣ ба зимистон Сарвари давлат ба захираи маводи сӯхт дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақаҳо ва ташкили кори бонизоми онҳо дар мавсими сармо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, оид ба ҷамъоварии пурраи ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда, ҳамчунин вусъат додани киштукори тирамоҳӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Тибқи ахбори раиси вилояти Суғд киштукори тирамоҳӣ дар қаламрави ин вилоят то 15 ноябр ба анҷом хоҳад расид. Дар вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ, тибқи ахбори роҳбарони онҳо, кор босуръат идома дорад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, таъкид дошт, ки барои сари вақт анҷом ёфтани киштукори тирамоҳӣ аз обу ҳавои мусоид ва ҳар як рӯзи офтобӣ пурсамар истифода баранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.11.11 №: 155-156 Мутолиа карданд: 2155