logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори 60-солагии таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон ш. Душанбе, 18 ноябри соли 2011

Олимони муҳтарам!
Меҳмонони арҷманд ва ҳозирони гиромӣ!

Дар ҳамаи давру замонҳо илму дониш ва сарвати зеҳнӣ неруи тавонои рушди ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Хусусан дар марҳалаи имрӯзаи тараққиёти башарият, ки даврони дастовардҳои бесобиқаи илму техника ва технология мебошад, неруи илмиву зеҳнӣ ба муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст. Танҳо дар давоми чанд даҳсолаи охир дунё ба таҳаввулоти азим дучор гардид, набзу низоми зиндагӣ дар тамоми сайёра тағйир ёфт, диди инсон ба равандҳои тақвиятёбандаи ҳаёт куллан дигаргун шуд. Ва дар ҳамаи ин таҳаввулот нақши илму техника ва аҳли илм ниҳоят бузург аст. Табиист, ки дар чунин шароит кишварҳои хурду бузург ва тамоми халқҳои кураи Замин пайваста талош доранд, то аз ин раванди фарогир қафо намонанд ва ҳамқадами замон бошанд.
Илму дониш дар назди халқи фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик низ  аз қадимулайём мақому манзалати хоса доштааст. Ин маъниро мо дар масири таърихи тамаддуни куҳанбунёду пурифтихори аҷдоди некномамон, ки моломол аз васфу ситоиши илму дониш, забони ноби тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба мардумони бохирад буд, эҳсос мекунем. Имрӯз мо дар ин толор ҷамъ омадаем, ки санаи фархунда - шастумин солгарди таъсиси бузургтарин маркази илмии кишварамон – Академияи илмҳои Тоҷикистонро таҷлил намоем.
Ба ин муносибат, ҳамаи донишмандон ва кормандони илмии Академияи илмҳо ва тамоми аҳли илми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Имрӯз мо дар баробари таҷлили ҷашни илми кишвар ва хотирнишон сохтани дастовардҳои он бояд масъалаҳоеро низ зикр намоем, ки вақти баррасии онҳо кайҳо расидааст, яъне мо бояд доир ба иҷрои вазифаҳои дар ҷашни 50 – солагии Академияи илмҳо гузошташуда, сатҳи пешрафти илми ватанӣ, раванди ҳамгироии он бо илми ҷаҳонӣ ва натиҷаҳои ислоҳоте, ки дар академия ва сохторҳои он гузаронида шудаанд, сухан ронем.
Албатта, илм чизе нест, ки дар як муддати кӯтоҳ натиҷа диҳад. Баръакс, он заҳмати пайваста мехоҳад, вале мо дар ҳар сурат бояд дар роҳи рушди илм ба натиҷаҳои муайян умед бандем.  Ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки муваффақияти мо моли мост ва бояд барои таҳкими дастовардҳо ва дар айни замон ба хотири рафъи мушкилоту монеаҳои мавҷуда пайваста кӯшиш намоем.
Биёед, дар ибтидо ба роҳи паймудаи Академияи илмҳо дар масири шаст соли гузашта назар афканем. Академияи илмҳои мустақили Тоҷикистон ҳамчун маркази пешбурди таҳқиқоти илмӣ соли 1951 таъсис дода шуд. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон нависанда ва арбоби барҷастаи илму фарҳанг устод Садриддин Айнӣ интихоб гардид, ки барои хизматҳои шоёнаш дар назди халқу Ватан ба ӯ дар даврони истиқлолият нахустин унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Арзи вуҷуд намудани чунин маркази бузурги илмӣ минбаъд ба рушди илму маориф дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшид. Самтҳои асосии таҳқиқот дар соҳаи илмҳои гуманитариву табиатшиносӣ ва улуми дақиқу тиб ташаккул ёфта, як қатор институтҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд ва дар як муддати кӯтоҳ доираи илмии бонуфуз ба вуҷуд омад. Дар он давра саҳми Академияи илмҳо дар таҳқиқи проблемаҳои илмии қариб ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла биология, геология, ситорашиносӣ, риёзиёт, физикаи таҷрибавӣ ва назариявӣ, сохтмони ба зилзила тобовар, физиология ва биофизикаи растаниҳо, таърих, фалсафа ва шарқшиносӣ хеле назаррас буд.
Дар яке аз вохӯриҳои худ бо аҳли зиё гуфта будам ва ҳоло бори дигар ёдрас карданиам, ки дар нимаи дуюми асри гузашта бозёфту кашфиёти олимони тоҷик, алалхусус дар соҳаҳои зилзиласанҷиву ситорашиносӣ ва риёзиёту тиб таваҷҷуҳи аҳли илми оламро ба худ кашида буданд ва таҷрибаи илмии онҳоро мавриди истифода қарор медоданд.
Имрӯз низ ман итминон дорам, ки неруи зеҳнии халқи тоҷик имкон медиҳад, то олимони мо ин анъанаи некро идома дода, дар самтҳои гуногуни илм минбаъд ҳам парчамбардор бошанд.
Дар айни замон таъкид кардан мехоҳам, ки барои рушди илму маориф ва фарҳанг шароити мусоид лозим аст, яъне барои инкишофи онҳо бояд заминаи кофии моддиву техникӣ вуҷуд дошта бошад. Мо, ки баъд аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ ба ҳодисаҳои фоҷиабори таҳмилӣ гирифтор шуда будем, ин мушкилотро ба хубӣ дарк менамоем. Шумо дар ёд доред, ки дар он давра муассисаҳои илмиву фарҳангӣ дар чӣ ҳолат қарор доштанд, ҳатто хавфи аз байн рафтани Академияи илмҳо ба вуҷуд омада буд. Вале бо вуҷуди  ҳамаи мушкилот бо дастгириву пуштибонии Ҳукумати Тоҷикистон Академияи илмҳо на танҳо  аз хатари маҳвшавӣ наҷот ёфт, балки  неруи асосии илмиашро ҳифз намуда, фаъолияти худро дар самтҳои афзалиятнок идома бахшид. Дар он айём Академияи илмҳо дар баъзе кишварҳо тамоман аз байн рафт, ё шакли сохтории худро тағйир дод. Ва ин боиси пароканда шудани марказҳои илмӣ гардид, ки дубора сарҷамъ намудани онҳо кори басо мушкил аст. Вале мо бо ин роҳ нарафтем ва Академияро дар шакли мавҷудааш нигоҳ доштем.
Вақт собит сохт, ки иқдоми пешгирифтаи мо дуруст аст, ҳарчанд Академияи илмҳо ҳанӯз ҳам ба таҷдиди куллӣ ниёз дорад ва усули маъмурии ташкили илм ҳоло низ дар шакли куҳна боқӣ мондааст. Дар ин мавзӯъ поёнтар боз муфассал изҳори андеша хоҳам кард. Шароити нави сиёсиву иқтисодие, ки баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳияву қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи илм тақозо менамуд. Аз ин рӯ, Ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимро дар робита ба рушди илм омода ва тасдиқ кард, ки барои пешрафти фаъолияти муассисаҳои илмии кишварамон ва рушди ҳамаҷонибаи илм мусоидат менамоянд. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ба ҳифз ва пурмаҳсул гардонидани фаъолияти маркази асосии илми тоҷик - Академияи илмҳо равона гардида, илм дар баробари маорифу фарҳанг аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф гардид.
Давлат ва Ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.  Аз ҷумла, ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ ба муассисаҳои Академияи илмҳо сол ба сол  афзуда, фақат дар 5  соли охир қариб 3 баробар зиёд гардид. Барои ба фаъолияти пурсамари илмӣ ҷалб намудани кормандони Академияи илмҳо маоши онҳо бо фармони Президенти мамлакат аз 1 сентябри соли 2011 ду баробар баланд бардошта  шуд.
Бо мақсади дастгирии молиявии таҳқиқоти бунёдӣ ҳанӯз соли 1996 Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ таъсис ёфт. Дар давоми солҳои 2000-2007 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади омӯзишу таҳқиқи  масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишварамон дар Академияи илмҳо муассисаҳои нави илмӣ – институтҳои иқтисодиёт, демография, масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, давлат ва ҳуқуқ, инчунин Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ташкил карда  шуданд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, мутамарказ гардонидани неруҳои илмӣ дар мамлакат, пурзӯр кардани фаъолияти инноватсионӣ, такмил додани низоми тарбияи кадрҳо ва мутахассисони ҷавони илмӣ моҳи октябри соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Ин қарор ба тағйироти шаклӣ дар  сохтори Академияи илмҳо равона гардидааст. Дар айни замон бояд гуфт, ки ин ҳанӯз оғози кор аст. Зеро ҳарчанд дар ин самт то имрӯз як силсила тадбирҳо амалӣ карда шудаанд, вале ҳанӯз натиҷаҳои дилхоҳ ба даст наомадаанд.
Раёсати Академияи илмҳо бояд ба ин масъала эътибори доимӣ диҳад, барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои ниҳоӣ муттасил талош варзад. Ба анҷоми муваффақонаи ин иқдом шак нест, зеро натиҷаҳои илмии дар давраи истиқлол бадастовардаи олимон аз устувор шудани мавқеи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги кишвар гувоҳӣ медиҳанд. Олимони мо дар тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаҳои мухталифи илм ба натиҷаҳои муҳим ноил шудаанд. Масалан, аз тарафи олимони зилзилашинос бо истифодаи технологияҳои навтарини рақамӣ харитаи хатари сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Дар асоси мушоҳидаҳои олимону коршиносон дар неругоҳҳои барқи обии Норак ва Сарбанд шабакаи назорати ҳолати сарбанди онҳо ҳангоми заминҷунбӣ ташкил гардидааст. Олимони соҳаи геология дар таҳқиқи канданиҳои фоиданоки мамлакат ва  ташаккули конҳои бузурги маъданӣ маълумоти наву ҷолиб  ба даст овардаанд.
Дар соҳаи илмҳои биологӣ доир ба гуногуншаклии биологии наботот ва ҳайвонот, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон таҳқиқоти ҷомеъ анҷом дода шуд. Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, ба вуҷуд овардани низоми муосири тухмипарварӣ ва агротехнологияҳои пешрафта густариш пайдо кард. Беш аз 300 навоварӣ ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳо барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардидаанд ва ҳоло аксари онҳо дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химия, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб амалӣ шуда истодаанд.
Дар ин давра паҳлуҳои гуногуни таърихи адабиёти тоҷик аз диди нав омӯхта шуда, масъалаҳои муҳими ҳолат ва рушди забони тоҷикӣ, сарчашмаҳои хаттии адабиёт ва фарҳанги тоҷику форс таҳқиқ гардиданд ва чандин луғатҳои дузабона нашр карда шуданд. Феҳристи мукаммали  зиёда аз 600 нусхаи хаттии ганҷинаи дастнависҳои Академия таҳия гардида, нусхаи электронии 500 дастнависи нодир ба чандин забонҳои хориҷӣ  омода карда шуд. Бо дарназардошти аҳамияти масъала имрӯз зарурати ташкил ва ба вуҷуд овардани нусхаҳои электронии тамоми дастхатҳои нодиру гаронбаҳои қадима ба миён омадааст.
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимони соҳаи ҷомеашиносии Академияи илмҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар нақши калон бозиданд. Дар ин давра таҳқиқоти шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» омода ва панҷ ҷилди он чоп гардид. Вобаста ба масъалаҳои таҳқиқоти таъриху фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикӣ мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо  бори дигар ба масъалаи вусъати доираи истифодаи забони давлатӣ ҷалб намоям. Имрӯз ба эътирофи аксари мутахассисону коршиносон забони давлатӣ дар самтҳои сиёсат ва коргузорӣ мавқеи мустаҳкам пайдо кардааст.
Акнун зарур аст, ки барои ба забони илму техника ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа табдил додани забони давлатӣ корҳои ҷиддӣ ва пайгирона анҷом дода шаванд. Ин кор, пеш аз ҳама, ба фаъолияти ватандӯстонаи аҳли илми мамлакат вобаста мебошад.
Хеле хуб аст, ки ҳамкориҳои Академияи илмҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати маориф дар доираи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 ва Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 сол ба сол вусъати бештар меёбанд.
Имрӯз дар ҳузури шумо - олимони муҳтарам, мехоҳам андешаҳои худро доир ба як масъалаи ниҳоят муҳим, масъалаи доғи рӯз иброз намоям. Шумо беш аз дигарон огоҳ ҳастед, ки мувофиқи пешгӯии коршиносони байналмилалӣ захираҳои нафту газ дар сайёра дар зарфи 40 - 50 соли оянда ба охир мерасанд. Дигар ин, ки дар натиҷаи торафт афзудани ҳаҷми партови гази карбон ба атмосфера ва гармшавии иқлим офатҳои табиӣ, аз қабили камобиву хушксолӣ ва монанди инҳо зуд – зуд такрор шуда истодаанд.
Илова бар ин, аҳолии сайёра босуръат зиёд шуда, имрӯз ба беш аз ҳафт миллиард нафар расидааст. Аз ин рӯ, талабот ба маводи озуқа ва сӯзишворӣ торафт меафзояд, ки ҳамаи ин омилҳо боиси болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ мегарданд.Дар чунин шароит истифодаи васеъ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, пеш аз ҳама, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, ки неруи нисбатан арзон, бехатар ва аз  ҷиҳати экологӣ тозаро истеҳсол мекунанд,  тақозои рӯз мебошад.
Аз рӯи маълумоти олимон захираҳои гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ 554 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки ҳаҷми бештарини онҳо ба Тоҷикистон рост меояд. Тибқи таҳқиқоти гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баъд аз 15 сол дар минтақа талабот ба неруи барқ 206 миллиард киловатт-соатро ташкил хоҳад кард.
Бинобар ин, мо ба ҷуз сохта, ба истифода додани неругоҳи Роғун ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ роҳи дигар надорем. Мардуми Тоҷикистон тибқи асноди муътабари байналмилалӣ ҳуқуқ доранд, ки аз сарватҳои табиии худ ба хотири рушди мамлакат истифода баранд. Зеро ҳалли аксари масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, қабл аз ҳама, бо ҷои корӣ таъмин кардани аҳолӣ ва умуман рушди ояндаи Тоҷикистон ба неруи барқ вобастагии мустақим дорад. Чун мо захираҳои нафту газ надорем ва қариб бист сол аст, ки беш аз ҳафтуним миллион нафар сокинони Тоҷикистон шаш моҳ дар як сол, хусусан дар фасли сармо аз лиҳози таъминот бо барқ сахт танқисӣ мекашанд. Аз чунин вазъи ногувори мо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ хуб огоҳанд ва мо бо онҳо дар ин ҷода ҳамкориҳои хуб дорем.
Дар айни ҳол  Тоҷикистон дар ин самт бо ниҳояти масъулиятшиносӣ амал мекунад ва ҳамаи иқдомоти он ба нафъи кулли минтақа мебошанд.
Дар баробари ин, рӯ овардан ба манбаъҳои дигари барқароршавандаи энергия тақозои ҳаёт аст. Дар Тоҷикистон барои истифодабарии чунин манбаъҳо барномаи махсус қабул шудааст, вале татбиқи он хеле суст ҷараён дорад. Яке аз дастрастарин манбаъҳои энергия неруи офтоб мебошад. Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 фоиз кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар хонаҳои шахсӣ, иморатҳои баландошёна, мактабу беморхона ва корхонаҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи дунё барои гарм кардани  об аз коллекторҳои офтобӣ истифода мебаранд.Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки шароити табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтоб дар оянда имкони бузург медиҳад. Ҳамчунин аз захираҳои энергетикии бодӣ низ пурмаҳсул истифода кардан мумкин аст.
Дар истифодаи ин навъи неру Чин, Олмон, Ҳиндустон, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешқадаманд. Дар кишвари мо ҳам захираҳои энергетикии бодӣ зиёданд. Бахусус, дар ноҳияҳои Файзобод, Шӯрообод, Мурғоб ва шаҳрҳои Қайроққуму Хуҷанд барои истифодаи  таҷҳизоти шамолӣ шароити хуб мавҷуд аст.
Дар шароити имрӯза баландшавии нархи сӯзишворӣ дар бисёр кишварҳо мушкилоти зиёдро ба вуҷуд овардааст. Олимон яке аз роҳҳои таъмин намудани аҳолиро бо сӯзишвории арзон ва хушсифат дар истеҳсоли биоэтанол мебинанд. Дар кишвари мо заминҳои лалмиву бекорхобида хеле зиёданд. Агар дар онҳо топинамбур, яъне ноки заминӣ кошта, аз он биоэтанол истеҳсол кунем, як қисми эҳтиёҷотро бо сӯзишвории худӣ таъмин хоҳем кард. Дар заминаи баъзе корхонаҳои саноатии кишвар бо андаке навсозӣ метавон истеҳсоли биоэтанолро ба роҳ монд. Ин амали хеле фоидаовар мебошад. Масалан, дар Ҳиндустон чанд сол инҷониб аз гиёҳ сӯзишвории дизелии биологӣ истеҳсол мекунанд ва як қисми нақлиёти мусофиркашонии Деҳлӣ аз он истифода мебарад.
Имрӯз перомуни ин масъалаҳо ибрози ақида намудани ман тасодуфӣ нест. Бояд Академияи илмҳо якҷо бо Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бобати дарёфти манбаъҳои алтернативии неру ва истифодаи амалии онҳо дар истеҳсолот ва рӯзгори мардум тавсияҳои аз лиҳози илмиву амалӣ асосноки худро пешниҳод намоянд ва барои татбиқи васеи онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Масъалаи дигаре, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад, ҷустуҷӯи истеъдодҳои нав ва тарбияи  кадрҳои лаёқатманд мебошад. Дар даврони истиқлолият барои саҳми арзанда дар рушди илм, маориф ва фарҳанги ҷаҳонӣ, таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ, анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ даҳҳо нафар олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо ҷоизаҳо ва унвонҳои байналмилалӣ сарфароз гардонида шудаанд. Ин шаҳодати эътирофи хизматҳои олимони тоҷик ва натиҷаи фаъолияти илмии онҳо мебошад.
Дастовардҳои зикршуда, бешубҳа, хурсандибахшанд ва итминони моро ба эҳёи шуҳрати илми тоҷик қавӣ месозанд. Аммо барои муваффақ шудан ба татбиқи сиёсати ягонаи илмиву техникӣ, ба роҳ мондани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, муассир гардонидани  саҳми илм дар беҳдошти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳанӯз масъалаҳои зиёдеро ҳаллу фасл кардан зарур аст.  Ба ин хотир, Академияи илмҳо бояд дурнамои фаъолияти худро муайян ва вазифаҳои дарпешистодаро мушаххас намояд. Чунки шарти аввалини комёбӣ дар ҳамин мебошад.
Тавре  ки маълум аст, як ҷиҳати муҳими фаъолияти муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла институтҳои академӣ, дар баробари гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ, ҳамчунин татбиқи амалии натиҷаҳои илмӣ мебошад. Ин масъалаи мураккаби рӯз буда, на танҳо ба олимон, балки ба кормандон ва мутахассисони соҳаҳои истеҳсолӣ низ вобаста аст. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки ба масъалаи таҳкими алоқаи байни илм ва истеҳсолот тавассути пешниҳоди дархосту фармоишҳо ба ихтирооту навовариҳои илмиву техникии институтҳои  Академияи илмҳо аз тарафи вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Бо мақсади дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба таъсири тағйироти иқлим ба пиряхҳои мамлакат ва оқибатҳои ногувори он ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани Барномаи пилотӣ ҷиҳати таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва бо маблағгузории Фонди сармоягузории иқлим ташкил карда шудааст, дар қатори нуҳ давлати ҷаҳон ҳамчун кишвари пилотӣ интихоб гардидааст. Дар доираи барномаи мазкур ба кишвари мо аз тарафи фонди зикршуда дар ҳаҷми 56 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ҷудо гардида, корҳои омодагӣ ҷиҳати маблағгузории самтҳои татбиқи он, аз ҷумла дар самти ҳамкорӣ доир ба пешбурди таҳқиқоти илмии иқлимшиносӣ ба маблағи 3 миллион доллар идома доранд. Итминон дорам, ки чунин иқдоми муҳим бо ширкати бевосита ва фаъолонаи олимону мутахассисони сохторҳои дахлдори Академияи илмҳо натиҷаҳои судбахш  хоҳад  дод.
Олимони Академияи илмҳо дар солҳои охир дар таҳияи лоиҳаи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015, Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2007-2015, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ҳамчунин омода кардани хулосаҳои ташхиси илмӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳими байнидавлатӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар баробари ин, зарур аст, ки олимону мутахассисони мо дар иҷрои лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои экология ва иқлим, захираҳои обӣ ва гидроэнергетика, бехатарии сейсмикӣ, амнияти озуқаворӣ, терроризм ва экстремизм ва монанди инҳо иштироки фаъол дошта бошанд.
Вобаста ба вазифаҳои нав дар марҳалаи кунунӣ неруи илм бояд дар самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқот ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, аз ҷумла дар бобати баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, ҷустуҷуи роҳҳои самараноки дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навовариву ихтирооти илмӣ ва технологӣ, рушди минбаъдаи гидроэнергетика, истифодаи сарфакорона  ва оқилонаи захираҳои об, манбаъҳои алтернативии аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия  ва технологияҳои каммасраф истифода шавад. Илова бар ин, ба вуҷуд овардан ва дар амалия татбиқ намудани маводи нав дар асоси технологияҳои пешрафта ва техникаи муосир, тақвияти корҳо дар самти ихтироъкорӣ, дар иқтисодиёт истифода кардани технологияҳои пешрафта ва техникаи муосир, ҳарчи бештар инкишоф додани таҳқиқи масъалаҳои ҷомеашиносӣ, ки ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар  мусоидат карда метавонанд, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти олимони мо бояд бошанд.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус бояд ба тайёр кардани олимон ва мутахассисон дар соҳаҳои муосири илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, аз ҷумла дар соҳаву бахшҳои зилзилашиносӣ, геоэкология, технологияи иттилоотӣ, биотехнология, генетика, энергетика ва иқлимшиносӣ равона шавад. Барои иҷрои ин вазифа ба марказҳои илмии мамолики пешрафта равона намудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мутахассисони ҷавони муассисаҳои илмии мамлакат мувофиқи мақсад аст.Бояд фаъолияти Академияи хурд, ки дар он хонандагони болаёқати мактабҳои  таҳсилоти миёнаи мамлакат барои минбаъд кору фаъолият намудан дар соҳаи илм тайёр карда мешаванд, пурзӯр гардонида, аз тарафи давлат дастгирӣ ёбад.
Вазифаи дигари муҳими Академияи илмҳо гузариши давра ба давра ба рушди инноватсионии илм аст.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як мамлакат, сарфи назар аз он, ки дар кадом сатҳи рушди илмиву технологӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад, бояд бо дарназардошти неруи илмиву технологӣ, вазъи иқтисодӣ, захираҳои меҳнатӣ ва ашёи хом, шароити табииву иқлим ба ташаккул додани низоми миллии инноватсионии худ кӯшиш намояд. Барои пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ, ки ҷузъи пайвасткунандаи илм ва истеҳсолот мебошад, бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ҷузъи инноватсионӣ дар соҳаи иқтисодиёт мунтазам таҳким ёфта, ба пешрафти мамлакат ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бештар дошта бошад. Бо ин мақсад Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 бо қарори Ҳукумат ба тасвиб расид.  Ҷиҳати татбиқи амалии ин барнома бояд неруи илмиву техникии мамлакат ба равандҳои инноватсионӣ ҷалб гардида, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёт татбиқ карда шаванд. Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, ки дар назди Академияи илмҳо таъсис дода шудааст, бояд пеш аз ҳама, ба иҷрои ин вазифаҳо мусоидат намояд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷаҳони муосир аҳамияти аввалиндараҷа касб карда истодааст, татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин самт дар қатори дигар сохторҳои марбута мо ба ташаббус ва саҳми аҳли илми кишвар эътимод дорем. Татбиқи чорабиниҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ имкон медиҳад, ки   иқтисоди миллӣ бештар рушд ёбад, фазои сармоягузорӣ дар кишвар беҳтар гардад, шиносоӣ бо навгониҳои техникиву иттилоотии ҷаҳонӣ, ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии шаҳрвандон, бахусус ҷавонони кишвар  тавсеа пайдо намояд. Ҳамчунин технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ метавонанд дар тақвияти раванди содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷа, ҷалби сармоягузорӣ ва бо ҳамин роҳ тараққӣ ёфтани иқтисодиёт саҳми босазое гузоранд, ки дар ин самт низ олимону коршиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон бояд нақши муассир дошта бошанд.
Академияи илмҳо, ки неруи зарурии илмӣ ва таҷрибаи зиёди гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотиро дорад, қодир аст вазифаҳои ба зиммадоштаашро сарбаландона иҷро намояд. Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ соҳаҳои илму маорифро дастгирӣ хоҳад кард, зеро мо дар пешрафти иқтисодӣ ва маънавии кишвари соҳибистиқлоламон ба натиҷаҳои фаъолияти кормандони илму маориф ниёз дорем. Бовар дорам, ки аҳли илм ва хусусан кормандони ин боргоҳи муқаддаси илм, яъне Академияи илмҳо, вазифаҳои ватандӯстонаи худро муваффақона ва содиқона иҷро хоҳанд кард.
Бори дигар тамоми аҳли илми Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни 60-солагии таъсиси Академияи илмҳои кишвар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, устуворӣ дар роҳи расидан ба мақсадҳои неку созанда ва комёбиҳои тозаи илмиву эҷодиро ба нафъи Ватан орзумандам.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.11    №: 157    Мутолиа карданд: 3614
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед