мулоқотҳо
Бонки ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои энергетикии Тоҷикистон ёрӣ мерасонад
5 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Теодор Алерс - директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду ҷониб баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба дастгирии молиявию техникии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ҷараёни омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ ва баҳогузории иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди неругоҳи Роғун зоҳир карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иқтисодиёти Тоҷикистон, ки тавассути маблағгузории лоиҳаҳои гуногун сурат мегирад, арзи сипос намуд.
Зикр гардид, ки дар зарфи 15 соли ҳамкорӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 640 миллион доллари амрикоӣ кӯмак расондааст. Дар ҳоли ҳозир 16 лоиҳа бо маблағи умумии 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Тибқи иттилои Теодор Алерс соли оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии рушди Тоҷикистон 60 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли 2011 22 миллион зиёд мебошад.
Теодор Алерс аз ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди неругоҳи Роғун, ки аз ҷониби коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ сурат мегирад, гузориш дода, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки ин кор дар сатҳи баландтарини ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, то ки судмандии иқтисодӣ ва бехатарии ин неругоҳ барои оянда таъмин гардад.
Теодор Алерс бо ишора ба захираҳои бузурги обию гидроэнергетикии Тоҷикистон ва норасоии неруи барқ дар фасли зимистон, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани ин ва дигар имконоти ин кишвар ба он кӯмак мерасонад.
Гуфтугӯ, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.12.11 №: 159-161 Мутолиа карданд: 1992