мулоқотҳо
Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо
раисони шаҳру навоҳӣ
1 декабр ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Шӯрообод, Мӯъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик аз тариқи телефон ҳисобот доданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз онҳо доир ба рафти киштукори тирамоҳӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистон, ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ пурсон шуд. Президент дастур дод, ки киштукори тирамоҳиро зудтар ба анҷом расонанд, то ки барои таъмини фаровонҳосилии соли оянда заминаи боэътимод гузошта шавад.
Таъкид гардид, ки барои таъмини шароити зарурии зимистонгузаронӣ, бахусус дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.12.11 №: 159-161 Мутолиа карданд: 1975