logo

энергетика

Профессор Исайн ИСАЙНОВ: "Истиқлоли энергетикӣ ормони миллист"

Роғун арзонтарин неруи барқи дунёро тавлид хоҳад кард

Дастёбӣ ба амнияти обию энергетикии ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлати миллии мост, зеро то ин амният ба сурати комил таъмин нашавад, истиқлоли давлатӣ дучори осебҳои ҷуброннопазир хоҳад буд. Роҷеъ ба таъмини ин амният дидгоҳҳои гуногуне дар маҳфилҳои илмӣ вуҷуд дорад.
А. Солеҳиён - хабарнигори "Ҷумҳурият" бо профессор Исайн Исайнов - мудири кафедраи иқтисоди миллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми иқтисод, дар ин замина мусоҳибае анҷом дод, ки дар зер пешкаши хонандагони азиз мешавад.

- Амнияти обию энергетикӣ ҷузви амнияти миллӣ ва минтақаист. Тоҷикистон бо доро будан ба захираҳои обии саршор ва дар сурати дастёбӣ ба истиқлоли обию энергетикӣ дар ояндаи наздик дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши меҳварӣ хоҳад бозид. Хоҳиш мекунам, ки ин нуктаи бисёр муҳимро ба хонандагони рӯзнома шарҳ диҳед.
- Иқтидори ҳар кишвар пеш аз ҳама марбут ба захираҳои табиии он аст. Имрӯз, ки Федератсияи Русия дубора дар саҳнаи байналмилалӣ иқтидори худро ба намоиш мегузорад ва ҳамчун абардавлати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии ҷадид арзи ҳастӣ мекунад, даставвал ба саршории захираҳои табиии он мисли нафту газу ангишт вобастагӣ дорад. Русия чоряки захираҳои обии дунёро молик аст ва дар нисбати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чор баробар бештар манбаъҳои табииро дорост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз он ки қаламрави ҷуғрофии маҳдуд дорад ва ба сафи давлатҳои хурд шомил мешавад, соҳиби захираҳои обии қобили мулоҳизае мебошад. Мутобиқи бароварди коршиносон наздик ба 60 дарсади ҳаҷми солонаи сарчашмагирии рудхонаҳои ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди ҷумҳурии мо рост меояд ва ин обҳо дар маҷмӯъ 845 миллиард метри мукааб захираро ба вуҷуд овардаанд. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъди Русия дар ҷои дуюм ва дар ҷаҳон баъди Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои ҳаштум меистад, ки барои Тоҷикистон, ки як кишвари хурд ҳисоб мешавад, захираи бисёр азимест. Албатта ин захираи обии азим ба иллати шитоб гирифтани раванди гармоиши иқлим дар ҳоли коҳишёбист, вале ин мушкили ҷаҳонӣ ба ҳисоб омада, амнияти саросари ҷаҳонро таҳдид дорад. Дар сурате ки Туркманистон ба 100 дарсад ва Ӯзбекистон ба 77 дарсади оби хориҷӣ вобаста мебошанд, Тоҷикистон дар сурати дастёбӣ ба технологияи пешрафтаи истифодаи об пура худро бо оби дохилӣ таъмин карда метавонад ва ба оби хориҷӣ ниёз надорад. Агар Тоҷикистон дар солҳои наздик ба истиқлоли энергетикӣ ноил ояд, дар ҳақиқат дар минтақа нақши меҳварӣ хоҳад бозид.
- Ҳудудан 40 дарсади аҳолии дунё дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳое ба сар мебаранд, ки аз об шадидан ё ба гунаи мутавассит ранҷ мебаранд. Баровард шуда, ки то соли 2025 ҳудуди дусеи аҳолии сайёра (наздик ба 5,5 миллиард нафар) дар мавзеъҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки бо камбуди об рӯбарӯ хоҳанд буд. Мушкили об хеле тезутунд мешавад  ва ҳатто таҳлилгарон сар задани ҷангҳои обиро аз эҳтимол дур намедонанд.
- Шиддат ёфтани масъалаи об ҳудудан аз нимаи дуюми асри бистум маҳфилҳои илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро сахт ба худ мутаваҷҷеҳ сохт ва алҳол аз доғтарин мушкилоти ҷаҳонии ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Мувофиқи пажӯҳиши гурӯҳе аз муҳаққиқон аҳолии курраи Замин, ки алъон наздик ба 7 миллиардро ташкил медиҳад, ба оби ошомидании наздик ба 10 ҳаҷми миёнаи солонаи оби Колорадо - яке аз калонтарин рӯдхонаҳои дунё эҳтиёҷ дорад. Аммо ҷойгирии оби тоза дар сайёра фавқулода нобаробар аст ва акнун беш аз 2,5 миллиард кас камбуди шадиди обро эҳсос мекунанд. Ҳамзамон бо рушди демографӣ ин мушкил торафт печидатар мешавад ва дар ин маврид минтақаи Осиёи Марказӣ истисно нест. Аз ин лиҳоз агар аз худи ҳозир тадбирҳои сиёсӣ ва иқтисодии оқилона дар пеш гирифта нашавад, вуқӯи ҷангҳои обӣ дур аз эҳтимол нахоҳад буд.
- Фоҷиаи баҳри Арал дар айёми мо намунае аз фоҷиаи экологии ҷаҳонист. Агар тадбирҳои мушаххасе аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом нагирад, дар оянда ин фоҷиа дарёча (кӯл)-ҳои Тоҷикистонро ҳам фаро хоҳад гирифт.
- То имрӯз аз се ду ҳиссаи ҳаҷми оби баҳри Арал коҳиш ёфта ва ба сухани дигар қариб 700 километри мукааб оби худро аз даст додааст. Ин фоҷиа пеш аз ҳама бо он шарҳ меёбад, ки кишварҳои поёноб ҷиҳати обёрисозии заминҳо ва дигар фаъолиятҳои истеҳсолӣ обро аз меъёр хеле зиёд истифода мебаранд. Дар натиҷа оби баҳр то 30 метр пойин рафта ва дар масоҳати 3 миллион гектар биёбони сернамак ба вуҷуд омадааст. Чандин тарҳҳои маҳори ин фоҷиаи экологӣ пешниҳод шуда, Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бо ширкати панҷ кишвар созмон ёфт, ки фаъолияти доманадоре дорад. Ҳамбаста ба ин дар ҷумҳурии мо Дастгоҳи ҳамоҳангсозии миллӣ оиди таҳаққуқи барномаи GEF (Фонди глобалии экологӣ), Идораи захираҳои обии атрофи баҳри Арал, Гурӯҳи корӣ ва Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА) таъсис ёфтаанд. Бояд таъкид кард, ки бӯҳрони Арал бӯҳрони ҷаҳонист ва раҳоӣ аз он иродаи сиёсии ҷаҳониро тақозо дорад.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост, ки дар раванди геополитикии истифода ва тақсими одилонаи захираҳои обӣ мушорикати фаъол дорад ва баргузории конфронси байналмилалии таҳаққуқи тадбирҳои Даҳсолаи амалиёти "Об барои ҳаёт" (2005-2015) ба таърихи 8-10 июни соли 2010 дар Душанбе гувоҳи ин даъвост, ки дар он намояндагони воломақоми 70 кишвар ва афзун аз 65 созмони байналмилалию минтақаӣ ва садҳо донишманду коршиноси хориҷӣ ва дохилӣ ширкат доштанд.
- Ҷумҳурии мо аз оғози истиқлоли давлатии худ бо дарки нақши калидиаш дар захираҳои обӣ ва энергетикии минтақа дар ин раванди ҷаҳонӣ фаъолияти муассире дорад. Фақат зикри ин нукта кофист, ки бо ибтикори Сарвари давлати мо аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 Соли оби тоза ва солҳои 2005-2015 "Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт" эълом гардид. Баргузории конфонси байналмилалии обро ҳам дар ҳамин замина бояд арзёбӣ кард, ки воқеан як ҳамойиши илмии таърихӣ буд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои обию барқии фаровони Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ гашт ва дар ин конфронс бори дигар ин ҳақиқати муҳим садо дод, ки об мамлакатҳо ва миллатҳоро муттаҳид месозад ва метавон бо роҳи музокирот ва ҳусни ният аз бӯҳронҳои обӣ ҷилавгирӣ кард.
- Об дар Осиёи Марказӣ захираи стратегӣ ва мавзӯи сиёсати калон аст, ки бисёр вақт ба тезутунд шудани вазъи минтақа меанҷомад.
- Падид омадани бӯҳрони обӣ дар минтақа ба иллати тазоди манфиатҳост. Қариб 90 дарсади захираҳои обии минтақа дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбад, вале беш аз 70 дарсади ин захираҳоро Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон истифода мебаранд. Аз рӯи саҳмияҳо аз оби Омударё Ӯзбекистон 42,3%, Туркманистон 42,3%, Тоҷикистон 15,1% ва Қирғизистон 0,3% баҳрабардорӣ мекунанд. Аммо оби Сирдарё ба ин тариқ қисмат мешавад: Ӯзбекистон 50,5%, Қазоқистон 32%, Тоҷикистон 7,5% ва Қирғизистон 10,5%. Аз ин рақамҳо пайдост, ки дастрасии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба об хеле ночиз аст ва кишварҳои поёноб ин нобаробариро нодида мегиранд.
- Нақши обанборҳо дар таъмини амнияти обию энергетикии ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш аст. Обанборҳо ҳаҷми устувори оби рӯдҳоро замонат медиҳанд, миллионҳо гектар заминро обёрӣ месозанд, дар ҳаҷми зиёд нерӯи барқи арзон тавлид мекунанд ва мавзеъҳои аҳолинишинро аз хавфи афзояндаи обхезию селобҳо ба далели гармоиши иқлим дар амон нигоҳ медоранд.
- Дар ҷумҳурӣ 9 обанбор (мисли Нораку Қайроққум) мавҷуд аст ва ҳар кадоме аз 0,028 то 10,5 миллиард метри мукааб обро гунҷоиш медиҳанд. Обанборҳо захирагоҳҳо мебошанд, ки дар худ ҳам обро ҳифз мекунанд ва ҳам бо таҳшинии лойқа об тозаву мусаффо мешавад. Захира шудани об дар обанбор имкон медиҳад, ки ҷараёни об ба сурати ҳам шабонарӯзӣ ва ҳам солона танзим ёбад, то ҳам заминҳои мавҷуд обёрӣ ва ҳам заминҳои тоза аз худ шаванд. Ба ақидаи баъзе аз муҳаққиқони дохилию хориҷӣ аз иқтидори мавҷуди ҳавзаи оби рӯдхонаҳои Ому ва Сир ҳар сол ба ҳисоби миёна 1,8 миллиард доллар об ба ҳадар меравад. Худ қазоват намоед, агар ин ҳаҷми об захира шавад, ба буҷети давлатҳои минтақа, хусусан Тоҷикистон, сармояи калоне ворид хоҳад шуд.
Обанборҳо дар шаклгирии ҷараёни об нақши муҳим доранд ва имрӯз мудирияти манбаъҳои обӣ ба шеваи қадим ғайриимкон аст. Бар мабнои ҳуқуқи соҳибихтиёрии давлатҳо ба захираҳои табиии худ ва қонунҳои иқтисоди бозорӣ акнун бояд миёни давлатҳои болооб ва поёноб қарордодҳои нав ба имзо расанд, зеро об колост ва хариду фурӯш бояд шавад. Инчунин бо ангезаи он ки обанборҳои калони неругоҳҳои барқӣ аҳамияти минтақаӣ доранд, минбаъд ҳангоми имзои созишномаҳои ду ё чандҷониба осебҳои эҳтимолии онҳо ва ҷуброни ин осебҳо аз сӯи давлатҳои марбута бояд ба инобат гирифта шавад.
Як роҳи асосии рафъи камбуди об дар минтақа дар шароити феълӣ бозсозию бозтаҷҳизонии обанборҳои куҳан ва сохтусози обанборҳои нав мебошад. Дар он сурат минтақа бо об ба қадри кофӣ таъмин хоҳад шуд.
- Дастёбӣ ба истиқлоли энергетикӣ дар рӯзҳои мо дар Тоҷикистон ба як ормони миллӣ табдил гаштааст. Ҷумҳурии мо ҷуз ин дигар роҳи раҳо ёфтан аз бӯҳрони энергетикӣ, ноил омадан ба рушди иқтисодии пойдор ва табдил гаштан ба як кишвари пешрафтаи саноатӣ надорад.
- Бале, даст ёфтан ба истиқлоли энергетикӣ ормони миллии мо мебошад ва аз самтҳои афзалиятноки стратегияи миллӣ ҳисоб мешавад. Кишвари мо манобеи ғании нафту газу ангишт надорад, аммо соҳиби захираҳои обии саршор мебошад ва ногузир аст, ки бо баҳрабардории оқилона аз он ба истиқлоли энергетикӣ ноил ояд, ки масъалаи ҳаёту мамот аст. Неруи барқ дар нисбати энергияҳои таҷдиднопазири нафту газу ангишту атом чанд афзалият дорад. Якум, таҷдидпазир аст ва асло поён намеёбад. Дуюм, аз нигоҳи экологӣ тоза ва бениёз аст. Сеюм, арзиши аслии неруи барқ дар ҷумҳурӣ бо назардошти тамоми масраф аз 0,4 сент барои як кВт соат беш нахоҳад буд ва аз ин лиҳоз неруи барқи мо дар бозори ҷаҳонӣ метавонад ба осонӣ рақобат кунад ва сармояи ҳангуфте ба хазинаи давлат сарозер созад.
Бо назардошти ҳамин ҳадафи стратегӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ 3 августи соли 2002 барномаи "Консепсияи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015"-ро қабул кард. Ин санади қисматсоз самтҳои асосии рушди энергетика ва механизмҳои татбиқи онро муайян менамояд. Бо ин барнома бори дигар таъкид шуд, ки Тоҷикистон барои он ки истиқлоли миллии худро ҳифз кунад, дар навбати аввал роҳе ғайри дастёбӣ ба истиқлоли энергетикӣ надорад. Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлат, 20 сентябри соли 2010 зимни суханрониаш дар Маҷмаъи умумии СММ дар шаҳри Нию-Йорк қазияи таъмини амнияти обию энергетикии кишварро ёдрас гардида, ҳаллу фасли ин доғтарин мушкили рӯзро аз самтҳои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола арзёбӣ намуд.
Ҳаҷми солонаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон беш аз 527 миллиард кВт соатро ташкил медиҳад, вале аз ин захоир ҳамагӣ 5-6 дарсад истифода мешавад ва наздик ба 1 миллион аҳолии ҷумҳурӣ ба неруи барқи доимӣ таъмин намебошад.
Бунёди неругоҳи Сангтӯда-2 ва истифода аз ду агрегати неругоҳи Роғун иқтидори энергетикии ҷумҳуриро меафзояд ва Тоҷикистон худро бо неруи барқи худӣ таъмин мекунад. Бояд то соли 2020 тавлиди неруи барқ дар ҷумҳурӣ ба 57 миллиард кВт.соат расад, ки имкон медиҳад на танҳо ба истиқлоли энергетикии комил ноил шавем, балки боз қисме аз барқро ба Афғонистон, Покистон ва Эрон бифурӯшем ва яке аз содиркунандагони бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон гардем. Дар омади гап бояд хотирнишон сохт, ки Роғун арзонтарин неруи барқи дунёро тавлид хоҳад кард, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле судовар хоҳад буд ва ин неругоҳ бо иқтидори 3,6 миллион кВт.соат дар муддати 3-4 сол хароҷоти худро мепӯшонад.
Ба мақсади судури неруи барқ ба Осиёи ҷанубӣ тарҳи КАСА -1000 амалӣ хоҳад шуд, ки барқи арзонро вориди бозори ҷаззоб мекунад ва Русия ҳам чанде пеш изҳор дошт, ки ба ин тарҳ мепайвандад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сохтусози неругоҳҳои хурду миёна низ талоши зиёд дорад, то дар канори он дар деҳот саноати барқиро барпо созад. Аз рӯи муҳосибаи мутахассисон сохтани чунин неругоҳҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ даромадзост ва барои таҳаққуқи ин ҳадаф ҳамаи шароит мавҷуд аст: ҳам неруи кории арзон, ҳам шароити табиию ҷуғрофии мусоид  ва ҳам воситаҳои сохтмонии ватанӣ. Ин гуна неругоҳҳо дар муддати кӯтоҳ хароҷоташонро ҷуброн мекунанд. Ба бароварди мутахассисон танҳо аз худ кардани 10 дарсади захираи энергетикии рӯдҳои хурд дар манотиқи кӯҳсор метавонад 70 дарсади деҳоти хурдро бо неруи барқ таъмин намояд.
Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ таҳкурсии энергетикаи офтобӣ ва бодӣ гузошта шудааст ва баҳрабардорӣ аз анвои мухталифи энергия имкон медиҳад, ки ҳар чи бештар неруи барқи арзон ба хориҷаи наздик ба фурӯш бирасад. Лозим ба зикр аст, ки алъон фақат кишварҳои пешрафтае мисли ИМА, Русия ва Чин азхудкунии саноатии тамоми сарчашмаҳои энергияро дар маҷмӯъ ба роҳ мондаанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки алҳол меъёри ягонаи рушди энергетика вуҷуд надорад ва ҳар кишвар онро бо роҳи хосаи худ равнақ мебахшад, яъне яке ба тавлиди энергияи барқӣ, дигаре бар ҳастаӣ ва савумӣ ба ҳароратӣ такя мекунад. Аз ин ҷиҳат барои Тоҷикистон беҳтарин гузина рушди энергетикаи обӣ мебошад. Мувофиқи муҳосибаи коршиносон, то соли 2015 барои татбиқи тарҳҳои энергетикӣ 6 миллиарду 800 миллион доллар зарур аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ дар навбати аввал бояд ба сармоягузории ватанӣ такя намуд ва баъдан сармояи хориҷиро ҷалбу ҷазб кард.
- Соли 2010 вақте ки Қазоқистон раёсати Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро бар ӯҳда дошт ва Страун Стивенсон - узви порлумони Иттиҳоди Аврупо намояндаи САҲА дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меомад, ӯро супориш дод, ки қазияи обию энергетикии минтақаро мавриди баррасӣ қарор диҳад ва гузориш таҳия кунад. Стивенсон пас аз омӯзиши масъала гузорише дар ҳаҷми 350 саҳифа омода сохт ва чунин изҳори назар намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳақи кишварҳои болообро дар истифодаи об барои тавлиди неруи барқ эътироф кунад ва Тоҷикистон хулосаи коршиносони байналмилалиро дастури кори худ қарор диҳад.
- Стивенсон иброз дошт, ки даъвои Ӯзбекистон сиёсист ва бунёди Роғун ба манфиати кишварҳои минтақа аст. Бонки ҷаҳонӣ ҳам дар конфронси худ дар Алмаато даъвои кишвари ҳамсояро дар мавриди зиёнҳои экологӣ, техникӣ ва иқтисодии неругоҳи Роғун беасос хонд. Сенати ИМА низ бо ҳимоят ва истифодаи самарабахши захираҳои обии Осиёи Марказӣ изҳори назар кард, ки сохтусоз ва баҳрабардорӣ аз неругоҳи Роғун бисёр мушкилоти иқтисодии Тоҷикистонро ҳал мекунад ва бо судури неруи барқ ба Афғонистон ва Покистон ҳам имкон медиҳад, вале барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд бо ҳам канор оянд ва ба сӯи ҳамкорӣ ҳаракат намоянд. Захираҳои обию энергетикӣ набояд омили ошуфтагии муносиботи кишварҳои минтақа бошад, балки бо нишастан ба сари мизи музокирот метавон ба роҳи ҳалҳои муштараки судманд расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.11    №: 159-161    Мутолиа карданд: 3594
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед