муҳоҷират
Муҳоҷират: шеваҳои нави ҳамкорӣ роҳандозӣ мешаванд
Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манзури шиносоӣ бо вазъи буду боши муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия қарор дорад, бо Константин Ромодановский, директори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, мулоқот кард.
Таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, омӯзиши забони русӣ, муоинаи тиббии муҳоҷирон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт.
Сипас С. Девонаев бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷикистониёни муқими Русия дидору мулоқот карда, аз Маскав ба шаҳри Санкт-Петербург рафт. Ҳайати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин шаҳр бо роҳбарони сарраёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Русия, раёсати федеролии Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯриҳои судманд анҷом дод.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.12.11 №: 162 Мутолиа карданд: 31921