мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо генерал Холид Шамим Вайн
23 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал Холид Шамим Вайн - раиси Кумитаи сардорони ситодҳои Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама низомӣ ва низомӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Аз ҷараёни ҳамгироиҳои муштараки сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, ки бештар ба мубориза бар зидди хатару чолишҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ равона шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Покистон ҳамгироии худро дар самти табодули иттилоот ва таҷриба дар муборизаи зидди терроризму ифротгароӣ бояд тақвият диҳанд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба барқарорсозии амну субот дар Афғонистон ва дигар масоили минтақавӣ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.11 №: 165 Мутолиа карданд: 2062