мулоқотҳо
Гуфтугӯи телефонии
Эмомалӣ Раҳмон
бо Ҳомид Карзай
9 декабр баъд аз зуҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.
Сарони ду давлат оид ба ҳолати кунунӣ ва роҳҳои густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи амалии мувофиқаҳое зоҳир гардид, ки миёни сарони ду давлат дар вохӯриҳои пешина ҳосил шуда буданд.
Сардорони Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавиеро, ки мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб қарор доранд, муҳокима намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6573