номаҳо
Агарчи шармовар аст...
Агарчи айб аст, ин масъаларо ба миён мегузорам. Он талаботи замон ва тақозои мардум мебошад. Сухан аз ҳоҷатхонаи одӣ, на замонавӣ меравад. Сохтани он чӣ мушкилие дорад? Мардум ва ҳам мусофирон ҳатто дар пойтахти кишвар аз набудани он дар хиёбонҳо ва ҷойҳои фароғатии шаҳр ранҷ мекашанд.
Набудани он дар роҳҳо барои мусофироне, ки ба шаҳру навоҳии кишвар сафар мекунанд, мушкил эҷод менамояд.
Хуб аст, ки дар замони истиқлолият роҳҳои хубу замонавӣ сохтем, аммо ин масъалаи дар назар одиро низ бояд ба инобат гирем.
Фирдавс ШЕРАЛӢ,
ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.12 №: 8 Мутолиа карданд: 4499