номаҳо
Аз ин сафару зиёрату ибодат қаноатмандем
Имсол мушарраф гардидам, ки маросими ҳаҷро иҷро намоям. Пеш аз ин, албатта, омодагӣ гирифтем. Ба мо тарзи зиёрат, муносибат ва амалҳои ҳаҷи фарзӣ ва умраро омӯзонданд. Ҳамчунин роҳбалади гурӯҳи мо Муҳиддин Муҳиддинов дар Мадинаи Мунаввара ва Маккаи Мукаррамма бисёр хуб раҳнамунӣ мекард, дар бораи мавзеъҳои таърихӣ ва муқаддас сӯҳбатҳои ҷолиб менамуд, ба пурсишҳо посухҳои қаноатбахш медод.
Шароитҳои зистро дар ин ду шаҳр хуб фароҳам оварданд. Ҳоҷиёне, ки чанд сол пештар низ барои гузоридани ин фарз омада буданд, ёдовар мешуданд, ки дар ин маврид пешравиҳо хеле назаррасанд.
Имсол мо, ҳоҷиён, бо ҷомадон ва либоси махсуси фарқкунанда ва китоби ҳаҷнома таъмин гардидем. Масъулон аз ин ҷо моро гусел намуданд ва рӯзи омаданамон пешвозамон гирифтанд.
Дар фурудгоҳи Ҷидда бошад, мутасаддиён моро хуб раҳнамунӣ карданд. Хулоса, барои сафар, зиёрат ва ибодатҳо тамоми шароитҳо муҳайё буд. Бо навиштани ин нома мехоҳам ба ҳамаи масъулони "Ҳаҷ -2011" изҳори сипос намоям.
Ҳакимбой ҲАБИБОВ,
шаҳри Исфара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.12 №: 8 Мутолиа карданд: 4403