номаҳо
Бо дили гарм дар хидмати Ватан
Муҳаммаднозири Муҳаммадраҳим, Корманди шоистаи Тоҷикистон, 74-сола аст. Меҳнатро дӯст медорад. Солҳои зиёд дар Осоишгоҳи "Хоҷаобигарм" ба сифати пизишк фаъолият мекунад. Чун мутахассис эътироф шудаву маҳбубияти хосро дорост.
Ӯ зодаи деҳаи Хулозии ноҳияи Тавилдара мебошад. Ба ин диёр меравад. Гузаштаи онро ба имрӯз муқоиса мекунад. Бо пирони барнодил ҳамсӯҳбат мешавад. Шукри ин рӯзгори хушу осоиштаро менамояд. Ёдоварӣ мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар ободонию пешрафти кишвар саҳми чашмрас мегузорад ва мо бояд ба пайравӣ ба ин амал корҳои некро ба сомон расонем.
Худи ӯ барои ободонии мактаби таҳсилоти умумӣ ва гӯристони зодгоҳаш аз ҳисоби нафақааш 25 ҳазор сомонӣ саҳм гирифтааст. Инчунин ба китобхонаи ин муассисаи таълимӣ 2 ҳазор китоб тӯҳфа намудааст.
Аз сӯҳбаташ дармеёбем, ки дар оянда дар ободонии як гӯшаи кишвар мехоҳад боз саҳм бигирад.
Дар ҳақиқат, сӯҳбату амали чунин мардони шариф моро ҳидоят месозад, ки чун ӯ бо дили гарм дар хидмати Ватан бошем.
Зуҳуриддин ЁҚУБОВ,
ноҳияи Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.12 №: 8 Мутолиа карданд: 4440