номаҳо
Ба телевизион ва ё шабакаи фароғатӣ ниёз дорем
Дар давраи истиқлолият шумораи телевизионҳо ва шабакаҳо дар кишвар афзуд. Ин бисёр хуб аст. Махсусан таъсиси телевизионҳои "Баҳористон", "Ҷаҳоннамо" ва "Сафина" аз орзуҳои деринаи мардум буд, ки ҷомаи амал пӯшид.
Шукр, ки дар кишвар бо пойдории сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ имконияту шароит барои таъсиси телевизиону шабакаҳои нав ба вуҷуд омадааст. Бо истифода аз ин фурсат бисёр мехоҳам, ки телевизион ва ё шабакаи махсуси фароғатӣ барои тамоми аҳолии кишвар таъсис дода шавад. Беҳтар мебуд, агар ба он "Фароғат" ном гузоранд. Дар ин шабака ҳатто хабарҳо низ бояд фароғатӣ бошанд. Пас аз дидани барномаҳои он ва фароғати хуш кас барои иҷрои корҳои нек нерӯи тоза мегирад.
Ҳангома ДАВЛАТОВА,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.12 №: 8 Мутолиа карданд: 4429