номаҳо
Забони давлатиро дар ширкатҳои алоқаи мобилӣ бояд эҳтиром гузоранд
Дар ҷумҳурӣ муштариён аз ширкатҳои мобилии "Билайн", "Вавилон мобайл" , "Мегафон", "Тселл", "ТК мобайл", "Тоҷик мобайл" истифода мебаранд.
Мутаассифона, дар ширкатҳои "Вавилон мобайл", "ТК мобайл" муносибат ба забони давлатӣ хуб нест.
Дар алоқаи телефонии "Вавилон мобайл" айнан чунин сабти овоз садо медиҳад:
"В настоящий момент абонент занят, пожалуйста, позвоните позже".
Ё ин ки дар "ТК мобайл":
"Извините, набраный абонент не доступен, мы уже отправляли ему, ей короткие сообщения".
Баъд ин маълумот бо забони англисӣ шунавонида мешавад. Ҳамин тавр, забони давлатиро дар ин маврид сарфи назар кардаанд.
Дар ширкатҳои мобилии "Билайн", "Мегафон", "Тселл", "Тоҷик мобайл" истифодаи забони давлатӣ хуб аст. Гуфтори сухангӯ равону шевост:
"Муштарӣ ҳузур надорад, лутфан баъдтар занг занед", "Дастгоҳи муштарӣ муваққатан хомӯш карда шудааст".
Хеле хуб мебуд, ки дар ширкатҳои "Вавилон мобайл" ва "ТК мобайл" низ муроҷиат ба муштариён ба забони давлатӣ сурат мегирифт. Охир, аксари сокинони ҷумҳурӣ тоҷиканд ва дигарон ҳам забони давлатиро хуб мефаҳманд.
Ҷойи таассуф аст, ки матнҳои тоҷикӣ ба муштариён бо алифбои лотинӣ ирсол мегардад. Ба телефони ман аз ширкати мобилии "Тселл" чунин маълумот расидааст:
"Tashakkur, ki 10 sol bo mo hasted: Tuhfahoro kabul kuned. Tel: 115".
("Ташаккур, ки 10 сол бо мо ҳастед: Тӯҳфаҳоро қабул кунед. Тел: 115").
Албатта, ҳамаи моро зарур аст, ки ба забони давлатӣ эҳтиром гузорем.
М. НИЁЗОВА,
ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.12 №: 8 Мутолиа карданд: 4465