барқияҳо
Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳмуди Аҳмадинажод
10 январи соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба ифтихори 20-солагии муносибатҳои дипломатии ду кишвар барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
"Ҷаноби Олӣ!
Имрӯз равобити ҳасанаи мардуму кишварҳои мо дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ қарор гирифтаанд.
Дар иртибот ба санаи муборак дар таърихи навтарини муносиботи Тоҷикистону Эрон - бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ - бо камоли мамнуният Шуморо сидқан табрику таҳният мегӯям.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое мебошад, ки дар оғози бунёди Тоҷикистони навин истиқлолияти давлати ҷавони моро эътироф намуд.
Пас аз соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакатҳои ба ҳам дӯсти мо ба муносибатҳои дипломатии хеш ҳусни оғоз бахшида, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ шурӯъ намуданд.
Роҳи бистсолаи дар ин самт паймуда ҳақиқатеро таъйид менамояд, ки ду давлат шарикони табиӣ бо муштаракоти фаровони таърихӣ мебошанд ва тамоми имконоту воситаҳои мавҷударо барои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории муфиду фарогири ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту фаъолият сафарбар кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз он ҳам қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар марҳалаи нави муносибатҳои амалии бунёдӣ оғоз гардидааст. Нишонаи возеҳи равобити муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрӯз сатҳи баландро касб кардаанд, суръати тоза пайдо кардани ҳамкориҳои мо дар бахшҳои энержӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мебошад.
Мо таҳкиму густариши бемайлони ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду мамлакат такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб маҳсуб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем.
Итминони комил дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои якҷоя, дар асоси дастовардҳои бист соли гузашта метавонем ҳамшарикии судманди кишварҳоямонро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаи мардумонамонро ба зинаҳои олӣ бирасонем.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсту бародари Эрон саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.12 №: 9 Мутолиа карданд: 3355