мулоқотҳо
Президент нафарони ба вазифаҳои нав пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфт
16 январ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, нафарони ба вазифаҳои пурмасъулият дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфт.
Баъди суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, Нурилло Орипов, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Сабзов, муовини вазири корҳои дохилӣ, Абдураҳмон Бузмаков, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, Мансур Бухориев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, Хуршед Каримов, сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин карда шуданд. Ҷамъ 14 нафар ба вазифаҳои пурмасъулият дар сохторҳои гуногуни мақомоти номбаршуда таъин гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, зимни суҳбат онҳоро ба садоқат ба халқу Ватан ва риояи адолату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ин сифатҳо дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи гурӯҳӣ ва дорои характери коррупсионӣ басо муҳиманд. Дар назди онҳо ва роҳбарияти ҳарду сохтори мазкур, ҳамчунин доир ба тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ва бо сифати дилхоҳ ба роҳ мондани фаъолияти ҳамарӯза вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.12 №: 10-11 Мутолиа карданд: 2146