барқияҳо
Барқияи шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Абдулло Гул
29 январи соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Абдулло Гул, Президенти Ҷумҳурии Туркия, ба ифтихори 20-солагии муносибатҳои дипломатии ду мамлакат барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
"Ҷаноби Олӣ, бародари азиз,
Дар иртибот ба бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия сарфарозам ба Шумо ва мардуми дӯсти Туркия табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам.
Бо камоли масаррат мехоҳам зикр намоям, ки тайи давраи сипаришуда ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистон ва Туркия дар асоси усулҳои дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва баробарманфиатӣ раванди рушди бемайлонро касб карда, имрӯз дар сатҳи баланди ҳамшарикии самараноки ду ва бисёрҷониба қарор гирифтаанд.
Изҳори итминон менамоям, ки равобити воқеан дӯстонаи байни кишварҳои мо дар такя ба дастовардҳои бист соли гузашта дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва бо ишора ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо кишвари Туркияи дӯст, мехоҳам омодагии хешро барои саъю кӯшишҳои муштарак ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи байни давлатҳоямон таъкид намоям.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми бародари Туркия сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоӣ таманно дорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.12 №: 16 Мутолиа карданд: 3520