logo

мулоқотҳо

Гуфтугӯи телефонии Президент бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон

Нимаи дуюми рӯзи 11 декабр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2008 раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал телефонӣ гузориш доданд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи пурмаҳсул аз гармхонаҳо барои парвариши сабзавот дар зимистон, вусъат додани кишти картошкаи барвақтӣ ва сабзавоти зери плёнка зоҳир гашт.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар вилояти Суғд дар майдони 60215 гектар баробар ба 87,4 дар сади нақша ва дар вилояти Хатлон дар 98752 гектар баробар ба 88 дар сади нақша зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ кишт карда шудааст.
Сабзавоти барвақтӣ бошад, дар вилояти Суғд дар майдони 544 гектар ва дар вилояти Хатлон дар 1871 гектар кишт шудааст, ки ин мутаносибан ба 68 ва 50,6 дар сади нақша баробар аст.
Кишти барвақтии помидору бодиринг дар гармхонаҳо дар вилояти Суғд 17,34 гектар ва дар вилояти Хатлон 10,85 гектарро ташкил додааст, ки ин мутаносибан ба 78 ва 48 дар сади нақша баробар аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ пурсон шуда, оид ба таъмини шароити зарурӣ дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ супоришҳои қатъӣ дод.
Раисони ҳар ду вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои онҳо вазифадор гаштанд, ки натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқро дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии  дақиқ қарор дода, баҳри банақшагирии корҳои зарурӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Таъмини деҳқонон бо сӯзишворию нуриҳои минералӣ ва кушодани мағозаҳои фурӯши тухмии хушсифат бояд пайваста дар мадди назари масъулин қарор дошта бошад, - таъкид намуд Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6505
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед