logo

президент

Машварати корӣ дар ҳузури Сардори давлат

10 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2008 ва муайянсозии нақшаҳо барои соли 2009 машварати корӣ анҷом дод.

Таваҷҷӯҳи махсус ба иҷрои Буҷети давлатии соли 2008 зоҳир гардид. Дар ин бора ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Кумитаи андоз Ҳаким Солиев ва сардори Хадамоти гумрук Гурез Зарифов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар 11 моҳ ба  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 миллиарду 536,5 миллион сомонӣ ворид гаштааст, ки нисбат ба нақшаи даромадҳо 311 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2007 1 миллиарду 435,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамин давра нақшаи пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ мутаносибан ба андозаи  106,3 ва 126,2 дар сад иҷро шудааст.
Оид ба натиҷаҳои пешрафти энергетикию саноатӣ гузориши вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ шунида шуд. Таъкид гардид, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, барқарорсозии корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав ва дигар корҳо мувофиқи нақша идома доранд.
Ба иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, аз ҷумла дар майдони 170 ҳазор гектар гузарондани кишти тирамоҳии ғалладона, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва тайёр кардани 160 ҳазор гектар заминҳои обӣ барои кишти такрорӣ низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шуд. Дар ин бора вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва  роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баҳри ҷамъбасти натиҷаҳои сол ва банақшагирии дурусти корҳо барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, оид ба пешгирӣ аз сӯхтор ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар арафаи соли нави милодӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусан муассисаҳои таълимию тандурустӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3840
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед