мулоқотҳо
Тағйироти кадрӣ дар сохтори Шӯрои амният ва ВКД
28 январи соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар Шӯрои амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳо пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Баъди суҳбат бо Сарвари давлат чор нафар ба вазифаҳои машваратчии калон - сардорони шуъбаҳои дастгоҳи Шурои амнияти кишвар доир ба амнияти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ ва иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, се кас ба вазифаҳои сардорони раёсатҳои кофтукови ҷиноятӣ, тафтишот ва муҳофизати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд.
Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Фархор, Қумсангир, Вахш, Балҷувон, Ҳисор ва Шаҳринав иваз шуданд.
Муҳаббат Иброҳимов сардори Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо таъин гашт.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз ҳодисаҳои ногувори даст задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба амалҳои ҷиноятию ғайриқонунӣ бо таассуф ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои пурмасъулияти дар наздашон гузошташуда, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияту субот дар ҷомеа ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.12 №: 16 Мутолиа карданд: 2350