мулоқотҳо
Сафирони ҳашт давлат ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурданд
31 январи соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, аз сафирони нави Италия, Дания, Ирландия, Словакия, Литва, Эстония, Исроил ва Ветнам эътимоднома қабул намуд.
Сафирони фавқулодда ва мухтори 8 давлат - Ҷумҳурии Италия Риккардо Манара, Шоҳигарии Дания ҷаноби Йенсен, Ирландия Филипп Мак Дона, Ҷумҳурии Словакия Юрай Сивачек, Ҷумҳурии Литва Рокас Бернотас, Ҷумҳурии Эстония Яан Хейн, Давлати Исроил Хилел Нюман ва Ветнам Ле Ман Луан ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон эътимоднома супурданд.
Зимни сӯҳбат бо сафирон, ки 6 нафарашон аз кишварҳои аврупоиянд, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бори дигар ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он таъкид намуд.
Ба густариши муносибот бо давлати Исроил низ, аз ҷумла рушди робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму техника ҳавасмандӣ изҳор гашт.
Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари 9 корхонаи муштараки Ветнам дар Тоҷикистон ба дурнамои ҳамкорӣ бо ин кишвари минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ баҳои баланд дода шуд.
Зимни сӯҳбат, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷӯҳ табодули андеша карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
* * *
Сафирони фавқулодда ва мухтори 8 давлати ҷаҳон, ки дар кишвари мо ба фаъолияти дипломатӣ оғоз карданд, ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳояшон изҳори хушбинӣ намуданд. Онҳо зимни супурдани эътимодномаҳои худ ба Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо Сарвари давлат доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва дигар мавзуъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ карданд.
Ҷаноби Йенсен, Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Дания, дар сӯҳбат бо хабарнигорон натиҷаи мулоқот бо Сарвари давлат, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои Тоҷикистонро судманд арзёбӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, дар ин вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории ду кишвар, ҳамчунин ровобити Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба заминаҳои нави ҳамкорӣ асос гузошта шуд.
Дар ҳамин ҳол, Филипп Мак Дона, Сафири фавқулода ва мухтори Ирландия дар Тоҷикистон, мутмаин аст, ки муносиботи кишвараш бо Тоҷикистон аз ин пас дар ҳошияи иштирок дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тақвият хоҳад ёфт. Ӯ изҳор дошт, ки ҳамчун сафир дар амри ровобити судманди ду кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.
-Мардуми Тоҷикистон ва Словакия меҳнатдӯст, хайрхоҳ ва дидгоҳҳои ба ҳам мувофиқ доранд. Маҳз ҳамин омилҳо ба рушди ҳамкориҳо ва муносиботи ҳасанаи ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд, - изҳор дошт Юрай Сивачек, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Тоҷикистон.
Яан Хейн, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Тоҷикистон, ба омӯзиш ҷалб намудани дипломатҳои ҷавони тоҷикро дар муассисаҳои таълимии ин кишвар, ки чанде пеш мувофиқа шуда буд, намунаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар донист. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки дар ояндаи наздик созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун имзо хоҳанд шуд.
Риккардо Манара, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон, ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар хушбин аст. Ба гуфти ӯ, роҳбарияти олии ду кишвар аз сатҳи ҳамкориҳои кунунӣ қаноатманд буда, ба тавсеаи минбаъдаи равобити судманд ҳавасманданд. Соли равон Тоҷикистону Исроил 20-умин солгарди истиқрори муносиботи дипломатии худро таҷлил мекунанд. Бино ба иттилои Хилел Нюман, Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Исроил дар Тоҷикистон, ҷомеаи яҳудиёне, ки замоне дар Тоҷикистон ба сар мебурданд, ба ин кишвари зебо, фарҳанги тоҷикон ва шеваи рӯзгорашон эҳтироми хос доранд. Таъкид шуд, ки рушди робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму техника аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ миёни ду кишвар хоҳад буд.
Ҳамчунин Ле Ман Луан, Сафири фавқулода ва мухтори Ветнам дар Тоҷикистон, Рокас Бернотас, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон аз сатҳи кунунии ҳамкории кишварҳояшон бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, итминон доданд, ки дар доираи иҷрои рисолати дипломатии худ ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо талош хоҳанд кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.02.12 №: 17 Мутолиа карданд: 2183