барқияҳо
Барқияи табрикии Президенти Тоҷикистон ба Сарвазири Ҷопон
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Йошихико Нода, Сарвазири Ҷопон, барқияи табрикӣ ирсол кард, ки дар он омадааст:
"Ҷаноби Олӣ, ба муносибати санаи муҳими ҳамкориҳои замони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон - 20 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо камоли қаноатмандӣ ба Шумо табрику таманниёти самимии худро ирсол медорам.
20 сол қабл 2 - юми феврали соли 1992, баъди ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон, бо ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ мамлакатҳои мо ба рушду густариши ҳамкориҳои сатҳи байналмилалӣ оғоз намуданд.
Боиси қаноатмандист, ки муносиботи Тоҷикистону Ҷопон дар сатҳи рушди фаъол қарор дошта, дар ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба марҳилаи сифатан нав мебароянд.
Дар ин робита мехоҳам фаъолияти судманди Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва талоши кишварҳоямонро дар чаҳорчӯби муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" махсус зикр намоям. Мо ба саҳми Ҷопон барои татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими кишварамон дар бахши гуманитарӣ, иҷтимоӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳо баҳои баланд медиҳем.
Ҳавасмандии амиқ дар мавриди бо мазмуну мӯҳтавои нав густариш додани сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро иброз дошта, умедворам, ки Ҷопон дар ин самт нақши фаъол хоҳад бозид.
Итминони комил дорам, ки бо талошҳои якҷоя метавонем сатҳу сифати ҳамкориҳоямонро ба манфиати ҳар ду ҷониб мутобиқ созем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ, комёбӣ ва ба халқи ба мо дӯсти Ҷопон муваффақият ва шукуфоӣ таманно менамоям".
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.02.12 №: 17 Мутолиа карданд: 3379