барқияҳо
Ба Эмомалӣ Раҳмон унвони доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев
дода шуд
11 декабр ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи ректори Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко Леонид Губерский нома расид.
Дар он иттилоъ дода мешавад, ки бо қарори шӯрои илмӣ аз 8 декабри соли 2008 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко дода шуд.
Дар нома ҳамчунин омадааст:
«Бо ин Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко хидматҳои шоёни Шуморо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои бародар дар соҳаҳои илму фарҳанг, шинохти нақшу мақоми маориф дар ҷомеа ва рушди муносибатҳои байнидонишгоҳӣ таъкид менамояд».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 9140