номаҳо
Муҷассамаҳои беэътиборшударо ба пойтахт интиқол диҳанд
Таърих ба ҳама баҳои воқеӣ медиҳад. Шуҳрати дурӯғину ғамхориҳои сохта ҳатман рӯзе ошкор мегарданд. Дар ин ҳол мардум ҳақиқатро бештару беҳтар дармеёбад.
Соҳибистиқлолии кишвар чунин шароитро ба вуҷуд овард, ки парда аз рӯи ҳақиқат бардошта шавад. Ба ин хотир бисёр муҷассамаҳоро дар шаҳру навоҳӣ бо ризояти мардум канданд. Аммо сарнавишти минбаъдаи бисёре аз онҳо то ҳол номаълум мондааст. Касе намедонад, ки ин муҷассамаҳо нигоҳдорӣ мешаванд ё не. Бисёр хуб мебуд, агар ҳамаи онҳоро ба пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе интиқол медоданд. Ба чи хотир? Ба хотири нигаҳдорӣ, намоиш ва омӯзиш. Яъне дар пойтахт гӯшаеро барои ин муҷассамаҳои беэътибор ҷудо намоянду ҳамаи онҳоро ба намоиш гузоранд. Охир насли нав ва вопас ин муҷассамаҳоро бояд бубинад ва дар бораи сарнавишти соҳибонашон маълумот пайдо намояд. Нигоҳдории онҳо ҳамчун осори ҳунар низ зарур мебошад.
Баҳром АЙНИДДИНОВ,
шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.02.12 №: 17 Мутолиа карданд: 4339