номаҳо
Намунаи барномаи Наврӯзӣ таҳия гардад
Ҷашни байналмилалии Наврӯз фаро мерасад. Ҷойи таассуф аст, ки он дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаву корхонаҳо ва хоса мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар сатҳи баланди илмиву фарҳангӣ доир намешавад.
Наврӯз танҳо иборат аз баргузории базмҳо ва дилхушиҳо нест. Он бо ороиши дастархонҳо низ набояд маҳдуд гардад.
Ба ҳангоми ҷашнҳо кас аз мантиқу муҳтавои сухани баъзе масъулоне, ки Наврӯзро муаррифӣ мекунанд, ба риққат меояд. Маълум мегардад, ки мо ҳанӯз ҳикмати ин иди миллии чандинҳазорсоларо нашнохтаем. Суханҳое мегӯем, ки аз ҳақиқати Наврӯз дур аст, яъне таъриху расму ойинҳои онро хуб намедонем ва зимоми Наврӯз дар дасти як барномасоз мебошад. Шеърҳои сусти дур аз мантиқу пур аз ғалат қироат мешаванд.
Аз ин рӯ хуб мебуд, агар масъулон ва мутахассисони варзидаи кишвар намунаи барномаи Наврӯзиро омода ва дастрас менамуданд. Инчунин нашри китоби "Наврӯзнома" ба хотири дастрасии шеърҳои асили наврӯзӣ мувофиқи мақсад аст.
О. УСМОНОВА,
ноҳияи Панҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.02.12 №: 17 Мутолиа карданд: 4419