барқияҳо
Табрикномаи Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти тозаинтихоби Финляндия
9 феврал Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Финляндия интихоб шудани ҷаноби Саули Вяйнямё Нийнистё унвонии ӯ табрикнома ирсол намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба Президенти тозаинтихоби Финляндия дар фаъолияташ дар ин мансаби олӣ муваффақиятҳо орзу намуда, аҳамияти дидани чораҳои муштаракро барои густариши ҳамкории байни Тоҷикистону Финляндия қайд намуд.
Ҳамчунин дар табрикнома хусусияти тағйирнопазири муносибатҳои дӯстии самимона ва ҳусни илтифоти мутақобила, ки дар давраи баъди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ ба миён омадаасту 26 феврали соли равон аз рӯзи барқароршавии онҳо 20 сол сипарӣ мегардад, бо камоли қаноатмандӣ қайд карда мешавад.
Президенти Тоҷикистон дар табрикнома ба ҷонибдории идомаи муколамаи судманди байни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олимақом, ҷиҳати ба рушди шаклҳои мухталифи ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Финляндия бахшидани суръати бештар изҳори ақида намуд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.12 №: 19 Мутолиа карданд: 3512