мулоқотҳо
Ба бунёди Неругоҳи Роғун таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид
14 феврали соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, Теодор Алерс - директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Сароҷ Кумар Ҷа - директори нави минтақавии ин бонк оид ба давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Теодор Алерс дар оғози суҳбат Сароҷ Кумар Ҷа - директори нави минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба давлатҳои Осиёи Марказиро ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, муаррифӣ намуд.
Зимни суҳбат аз дастгирии пайвастаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 190 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ 14 лоиҳаи муҳим амалӣ мешавад. Бонки ҷаҳонӣ асосан рушди Тоҷикистонро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетика дастгирӣ менамояд.
Ба иттилои Теодор Алерс, миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ боз 4 лоиҳаи дигар бо маблағи 48 миллион доллари амрикоӣ ба тасвиб расидааст, ки татбиқашон соли равон оғоз меёбад ва ин нисбат ба грантҳои дар соли 2011 ҷудошуда 10 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва омузиши таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди неругоҳи Роғун зоҳир гардид.
Бо ишора ба афзалияти баланди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ҷонибҳо ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба кам кардани талафоти техникии неруи барқ, таъмини дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии барқ ва рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон омодагии устувори худро таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.12 №: 21-22 Мутолиа карданд: 2025