паёмҳо
Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 феврали соли 2012
Муҳтарам афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори 19-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо дар иҷрои вазифаи пуршарафу муқаддас - ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа комёбиву барори кор орзу менамоям.
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои мавҷудияти худ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокорона ва далерона хизмат кард.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ба номи муҳофизони шуҷои Ватан ва эҳтироми мардуми кишвар на ҳар кас мушарраф шуда метавонад. Зеро ин касби душвор, вале пурифтихор аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ нияти нек, садоқат ба Ватан - Модар, виҷдони пок ва дили гармро тақозо мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон имрӯзҳо низ ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, бо кадрҳои баландихтисос такмил додани сафҳои онҳо, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва хизмати ҳайати шахсӣ диққати махсус зоҳир менамояд.
Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва мардуми кишвар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд.
Бори дигар ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳо, тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва халқи Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, ба ҳомиёни воқеии кишвар саломативу хонаободӣ, дар ҳифзи осудагиву оромии Ватан барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Идатон муборак, муҳофизони далеру шуҷои Ватан!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.12 №: 24 Мутолиа карданд: 3852