мулоқотҳо
Барфбодҳо бартараф мешаванд
22 феврали соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ахбори масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро доир ба оқибатҳои боришоти зиёди барфу борони рӯзҳои охир шунида, барои амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ супоришҳои мушаххас дод.
Доир ба ҳолати роҳҳои мошингард ва дигар соҳаҳои осебпазир ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, Муродалӣ Алимардон, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, Низом Ҳакимов, вазири нақлиёт, Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раисони ноҳияҳои Айнӣ, Варзоб, Ҷиргатол, Тавилдара, Рашт, Нуробод ва Файзобод ахбор доданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар назди онҳо доир ба сафарбар намудани неруву имконоти иловагӣ, ҳарчи зудтар тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма, ёрӣ расондан ба одамони дармонда, таъмини онҳо бо хуроки гарм, барқарор намудани ҳолати маъмулии шабакаҳои нақлиётӣ, таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияҳои баландкуҳ бо сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ ва ҳамчунин доир ба дастгирии чорводорон барои беталаф аз зимистони тулонии имсола баровардани чорво вазифаҳои мушаххас гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид намуд, ки барои дастгирии мардуми ниёзманди бар асари бориши барфу борони зиёд осебдида аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.12 №: 24 Мутолиа карданд: 2073