мулоқотҳо
Баррасии масоили ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон
22 феврали соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, Рустам Азимов, муовини якуми сарвазири Ӯзбекистон, вазири молияи ин кишварро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хати сарҳади давлатии ду мамлакат ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муайяну мушаххас намудани хати сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар қитъаҳои баҳсноки он баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба маҷмуи масоили дигари вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар гуфтугӯ сурат гирифт.
Изҳори боварӣ шуд, ки тамоми масоили баҳсноки мавҷуда дар асоси ҳусни ҳамсоягӣ ва муносиботи дӯстии бисёрасраи ду миллати бародар ҳалли мусбати худро меёбанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.12 №: 25-26 Мутолиа карданд: 2140