мулоқотҳо
Суҳбати телефонии президентҳои Тоҷикистон ва Русия
25 феврал, нимаи дувуми рӯз, бо ташаббуси ҷониби Русия гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Дмитрий Медведев, Президенти Федератсияи Русия, доир гардид.
Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳояшон ва дурнамои рушди онҳоро дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои доғи рӯзи байналмилалии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, зарурати минбаъд ҳам ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои ҷонибҳоро дар ин самт таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.12 №: 27 Мутолиа карданд: 2084