номаҳо
Номҳои тоҷикӣ чи иллате доранд?
Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Гулрухсор, Зебо, Мижгона... Ин номҳои тоҷикӣ хеле зебову хушоҳанганд. Ва, шукр, ки чунин номҳои асилу пурмаъно дар хазинаи забони модариамон зиёд мебошанд. Онҳо моро ба гузаштаи бисёр дур ва ниёкони шарафмандамон мепайванданд ва ҳам имкон барои ифтихори миллӣ фароҳам месозанд.
Мутаассифона, бархе аз шахсоне, ки худро мулло ё худ донишманди улуми динӣ меҳисобанд, зидди ин гуна номгузориҳоянд ва амр медиҳанд, ки тағйири ном намоем. Албатта, чунин тағйир ба хотири пазируфтани номҳои арабӣ мебошад. Дуруст аст, ки бархе аз номҳои арабиро миллати мо ба хотири паёмбари бузургвор, ёрону асҳоби ӯ аз рӯи муҳаббату садоқат ба дини мубини ислом қабул кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки бояд ҳама номашро арабӣ намояд. Ва, фикр мекунам, ки ин дини бузург амр намесозад, ки ҳатман номҳои арабиро бипазирем. Ё чунин нест? Агар ман хато мекунам, мехоҳам донишмандону мутахассисон доир ба ин масъала андешаҳояшонро иброз доранд.
Суҳроби СИЁВУШ,
ноҳияи Панҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.12 №: 29 Мутолиа карданд: 4523