номаҳо
Тухми мурғи хонагӣ се сомонӣ?!
Дар бозори назди автовокзали пойтахт марде тухми мурғи хонагӣ суроғ мекард. Ва ёфт. Дар тамоми бозор танҳо як нафар тухми мурғи хонагӣ мефурухт. Аз забони ӯ нархи ин гуна тухмро шунида, ба тааҷҷуб омадам. Беихтиёр баланд гуфтам: "Наход?!" Харидорон як дона тухми мурғи хонагиро ба се сомонӣ мегирифтаанд.
Ҷойи таассуф аст, вақте ки як дона тухм дар кишвари мо бо ин иқлими мувофиқ ва ғановаташ ба се сомонӣ мегирифтанд.
Ба худ чанд суол додам: Ин тухмҳо дар хонаҳо, яъне дар маконашон, чи қадар арзиш доранд? Дар бозор ба нархи аслии он чанд фоиз илова мекунанд? Чаро фурушандагони тухми мурғи хонагӣ бисёр каманд? Дигар навъи тухмҳо аз он бо чӣ фарқ мекунад? Чи гуна метавон тухми мурғи хонагиро аз дигар навъи тухмҳо шинохт? Барои чӣ саршумори мурғи хонагӣ ва тухми он кам аст?
Ба ҳамаи ин пурсишҳо посух мехоҳам, посухи мутахассисону масъулонро.
Ҳ. ДАВЛАТОВ,
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.12 №: 29 Мутолиа карданд: 4365