номаҳо
Либоси махсус танҳо мушкили
ману духтарам нест
Шукр, ки дар мактаб вобаста ба ҷашну маросимҳо чорабиниҳои зиёд баргузор мегарданд ва ба болоравии сатҳи маърифату ҷаҳонбинии фарзандони мо мусоидат менамоянд. Инчунин ба ин васила мактаббачагон шеъру матнҳои гуногунро аз бар мекунанд. Аммо пайдо кардани либоси махсус барои ҳар як чорабинӣ ба мо - волидон мушкил эҷод кардааст. Масалан, духтари ман дар чандин чорабиниҳои мактабӣ соли дуюм аст, ки баранда аст. Бо хоҳиши ӯ барояш либоси махсус мехарам. Агар онро андаке дер бихарам, оби чашмаш шашқатор мешавад. Албатта, барои ман ҳам осон нест. Бо маоши андаке, ки мегирам, наметавонам рӯзгорро таъмин созам ва аксар вақт қарздор мешавам. Чунин вазъ танҳо мушкили ману духтарам на, балки дигар мактабу хонадонҳо низ ҳаст. Аз ин рӯ пешниҳод менамоям, ки ҳамаи чорабиниҳо бо либоси мактабӣ доир гарданд. Агар бисёр муҳим аст, чунин либосҳоро мактаб аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардааш бихарад. Ва ё аз сарпарастонаш дар ин маврид мадад хоҳад.
Ҷ. САФОЕВ, шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.12 №: 29 Мутолиа карданд: 4341