номаҳо
Агар "ҷумъагӣ" аз ислом аст…
Мувофиқи моддаи 11-и қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузории маросими ҷумъагӣ манъ аст. Мутаассифона, на ҳама ин банди қонунро риоя мекунанд. Аксари соҳибазоҳо маросими ҷумъагиро доир менамоянд. Бисёр дидааму шунидаам ва ҳам бевосита дар чунин маросим ширкат варзидаам. Албатта, мақомоти масъул барои исботи ин навишта далели мушаххас мехоҳанд ва ҳам аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷавобгариям бикашанд. Аммо бе далелҳои мушаххаси ман ҳам аз баргузории ҷумъагиҳо тамоми мардум воқифанд.
Мақсади ман ҷустани ҷурми касе нест. Изҳор намедорам, ки мақомоти масъул корашонро хуб фарҷом намедиҳанд. Мехоҳам, ки донишмандони асили ислом ҳақиқати ҷумъагиро бештару беҳтар ба мардум фаҳмонанд. Агар воқеан он аз ислом аст, иҷозат дода шавад, то дар доираи хурд ҷумъагиро баргузор намоянд. Охир ҳеҷ мумкин нест, ки пинҳонӣ, мухолифи қонуни мавҷуда амал кунему дидаву дониста ба лабҳо муҳри хомушӣ занем.
Н. МУРОДОВ,
шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.12 №: 29 Мутолиа карданд: 4376