номаҳо
"Ало, ба ман занг занед"!
Бо шунидани ин сухан зуд аз телефони хонагӣ ба муштарӣ занг мезанем.
Ин омирон хешон, пайвандон ва дӯстони моанд. Онҳоро гӯш мекунем. Дармеёбем, ки аз бекорӣ мехоҳанд суҳбат намоянд. Ба тафсил дар бораи кадом як рӯйдоде ё рӯзгори шиносе, ки ҳатто хоҳиши шуниданашро надорем, мегӯянд. Гоҳҳо изҳори норизоӣ низ менамоянд, ки ба ҳарфашон бо диққати тамом гӯш ва ба суолҳояшон сари вақт ҷавоби қаноатбахш намедиҳем. Охир на ҳама вақт мо медонем, ки ду-се рӯзи наздик обу ҳавои пойтахт тағйир меёбад ё не. Ва ё баъди як моҳ, дар рӯзҳои ид ба куҷо сафар мекунем.
Завҷаам маслиҳат медиҳад, ки ба онҳо занг назанам. Магар мумкин аст?! Не. Ҳазору як гапу калоча мекунанд. Пас аз он боз дигарон дар ин хусус мегӯянду мепурсанд.
Чанд моҳ боз беш аз 100 сомониӣ пули телефон месупорам. Намедонам ба ин гурӯҳ кӣ фарҳанги истифодаи телефонро меомӯзад. Умуман чӣ бояд кард?
Н. АМИНӢ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.12 №: 29 Мутолиа карданд: 4322